маориф
ТАЪЛИМИ САЛОҲИЯТНОК
амри зарурист
Дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар низоми нави таҳсил - таҳсили салоҳиятнок ҷорӣ гардид. Гузаштан ба ин низом амри зарурӣ буд, зеро он ба хотири мутобиқи талаботи рӯз ба роҳ мондани таълим нигаронда шудааст ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки низоми нави таҳсил аллакай ба пешрафти таълим мусоидат намуда истодааст.
Низоми нав аз раванди анъанавии таълим бо хусусиятҳои зиёд фарқ мекунад. Агар дар таълими анъанавӣ мақсади дарсро асосан маҷмӯи дониш, малака ва маҳорате, ки муҳтавои дарсро ташкил медиҳад, фаро гирад, дар низоми таълими салоҳиятнок аслан таваҷҷуҳ бештар ба он равона мегардад, ки хонандагон донишҳои андухтаашонро дар ҳаёт чи гуна тадбиқ менамоянд.
Хусусияти дигари низоми салоҳиятнок он аст, ки омӯзгор дар раванди таълим имконияти иваз намудани мавзӯъ ва мундариҷаро дорад. Албатта, дар низоми нав маводи асосии таълим китоби дарсӣ шинохта мешавад, аммо сарчашмаҳои дигар, аз ҷумла китобҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, маводи интернетӣ ва таҷрибаи худи хонандагон низ чун маводи таълим истифода мешавад.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки низоми ҷадид таҳсилоти салоҳиятнок дар асоси модули хонанда – марказ фаъолият менамояд. Яъне, агар дар низоми таҳсилоти анъанавӣ мавқеи марказиро омӯзгор мебозид ва қариб тамоми дарс ба ӯ вобаста буд, дар низоми нави таҳсил тамоми дарс ба салоҳияти хонанда вобаста мебошад.
Омӯзгор супориши синфӣ ва хонагӣ медиҳад, роҳҳои ҷолибу ҷадиди ҳалли масъаларо ба хонанда мефаҳмонад. Хонанда дар навбати худ мустақилона ба дарс омодагӣ мебинад. Чунин муносибат имкон фароҳам меорад, ки тафаккури хонанда инкишоф ёфта, ба масоил ва ҷузъиёти мавзӯи дарс баҳогузорӣ кунад ва он чиро, ки меомӯзад, дар амал тадбиқ намояд. Яъне, дар ин низоми таҳсил дар меҳвари дарс хонанда қарор дошта, метавонад андешаҳояшро озодона баён созад. Чунин муносибат имкон фароҳам меорад, ки оянда аз миёни хонандагон нафарони донишманд, дар ақидаи худ устувор ва аз ҷиҳати фикрронӣ ташаккулёфта ба воя расанд. Аҳамияти асосии низоми салоҳиятокӣ низ маҳз дар ҳамин аст. Аммо, ҳоло дар пиёда сохтани ин низом баъзе мушкилиҳо ба назар мерасанд, ки ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб шудани муаллимон аз муҳимтарини онҳост. Низоми мазкур танҳо дар сурате метавонад натиҷаи хуб диҳад, ки омӯзгорон тавонанд моҳияти ин навъи таълимро ба дурустӣ дарк намоянд. Аз ин рӯ, хуб мешуд ҳар чи зудтар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба курсҳои омӯзишии низоми нави таҳсил ҷалб шаванд. Албатта, дар ин росто то имрӯз баъзе корҳо ба сомон расидаанд. Масалан, соли сипаришуда Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат - 1» ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо семинари омӯзишӣ барои тренерони соҳаи маориф доир намуд. Дар он аз тамоми ноҳияҳои кишвар 150 омӯзгор ҷалб шуд, ки онҳо дар навбати худ бояд 17000 омӯзгори дигарро дар маҳалҳояшон ба омӯзиш фаро гиранд. Аммо, ҳоло ин раванд суст роҳандозӣ шуда истодааст ва ҳоло бисёр омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар раванди таълим ҳанӯз ҳам аз усули анъанавӣ истифода менамоянд.
Муяссара БОБОРАҶАБОВА, омӯзгори МТМУ № 36 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.01.2019 №: 12 Мутолиа карданд: 1122