иқтисод
СУҒД. РОҲАНДОЗИИ БАРНОМАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ
Татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд, бомаром ҷараён дорад.
Тавре Алишер Дадабоев, муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилоят, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, татбиқи барнома ва вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ дар вилояти Суғд вобаста ба иқлими ноҳияҳо дар ду марҳила, яъне моҳҳои ноябр – декабр ва аввали баҳорон сурат мегирад. То моҳи ноябри соли 2018 ниҳолпарварони вилоят 794,1 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карданд. Тибқи маълумоти аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрасгардида, дар ин давра 20 гектар боғҳои интенсивӣ доман паҳн карданд, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 2,5, Исфара 0,3, Шаҳристон 6, Конибодом 1 гектар. Айни замон дар мавзеи Рухаки Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 40 гектар замин шинондани ниҳолҳои бодом ва дар ҳамин минтақаи Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони 3 гектар бунёди боғи зардолу ва шафтолу идома дорад. Ҳадаф аз бунёд ва барқарор сохтани майдони дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда, пеш аз ҳама, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Боғпарварони вилоят бо дарки муҳимияти ин масъала барои бунёду барқарор сохтани боғу токзор талош доранд. То ҳол 956,1 гектар боғу токзорҳои куҳна барқарор карда шуданд. Дар мавзеи Рухак дар заминҳои ҶДММ «Ганҷи ҳилол» бунёди 21 гектар боғи нав ва барқарорсозии 8 гектар боғҳои куҳна низ пешбинӣ гардидааст. Барои таъмини боғпарварон бо навъҳои гуногуни ниҳолу тухмӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Истаравшан, Панҷакент ва Шаҳристон хоҷагиҳои ниҳолпарвар фаъолият доранд. Ҳамзамон, дар филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мутахассисони соҳа ба парвариши ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаи ба иқлими ноҳияҳои вилоят мутобиқ машғуланд. Ҳоло дар филиали мазкур барои мавсими ниҳолшинонӣ беш аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои зардолу, шафтолу ва олу омодаанд. Дар маҷмӯъ, дар вилояти Суғд дар доираи амалисозии Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2021 давоми се сол дар майдони 90 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешаванд. Аз ин ҳисоб бунёди 20 гектари он дар соли 2019 дар назар дошта шудааст.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.01.2019 №: 12 Мутолиа карданд: 1189