маориф
МАОРИФ. АВВАЛИН МЕДАЛҲОИ СОЛИ 2019
Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 15 - умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки аз он хонандагони болаёқати кишвари мо бо 13 медал баргаштанд.
Дар он 532 нафар хонанда аз 20 давлати дунё, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ИМА, Озарбойҷон, Сербия, Гурҷистон, Туркманистон, Қирғизистон, Булғория, Беларус, Дания, Руминия, Чехия, Арманистон, Туркия, Украина ва Муғулистон иштирок карданд.
Аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба “Ҷумҳурият” хабар доданд, ки дар олимпиада Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 даста муаррифӣ намуд.
Дар ҷамъбасти олимпиада новобаста аз рақибони пурзӯр хонандагони тоҷик тавонистанд миёни дигар кишварҳо бо сазовор гардидан ба 13 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ Парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоранд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин медалҳоро дар соли 2019 ба кишвар хонандагони литсейи барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, литсейи барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе ва литсейии “Ҳотам ПВ”- и шаҳри Душанбе оварданд.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2019 №: 13 Мутолиа карданд: 1193