ҳуқуқ
АГАР ВОЛИДОН МАСЪУЛИЯТ ҲИС НАМЕКУНАНД...
Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ якҷо бо ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар асоси нақшаи вижаи корӣ, бо мақсади ошкору пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ба амалҳои ношоиста даст задани насли наврас, дар ҳудуди ҷумҳурӣ чорабиниҳои мақсаднок гузаронданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод аз 9 январ инҷониб дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ кормандони ВКД дар марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерӣ ҳамарӯза чорабиниҳои мақсаднок мегузаронанд.
Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони ХПҲНҶ ВКД ҳуқуқвайронкунии ноболиғонро нигаронкунанда арзёбӣ карда иброз дошт, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳафт сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то имрӯз муқаррароти қонуни мазкур аз тарафи баъзе падару модар ва масъулон ба пуррагӣ риоя намегардад. Дар ин раванд боз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҳаёту фаъолияти ноболиғону ҷавонон дар бораи таълиму тарбияи онҳо қабул гардидааст. Чунончи, зимни баргузории як қатор амалиётҳои пешгирикунанда, ба кормандони милитсия муяссар гардид, ки 119 нафарро ба шуъбаҳои маҳаллии ВКД дастрас намоянд, ки аз ин шумора 54 нафар ноболиғ мебошад. Ҷойи таассуф аст, ки дар бисёр ҳолатҳо волидони ин ноболиғону наврасон, ҳатто намедонистанд, ки фарзандонашон дар хона нестанд.
Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, нисбат ба 29 нафар волидони ноболиғони боздоштшуда бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин, 4 нафар навраси оворагард дар кабулгоҳ - таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД ҷойгир карда шуда, бо 12 нафари дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.
Аз ин рӯ, аз падару модарон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки онҳо ба амалҳои барои имрӯзу ояндаашон зараровар машғул шаванд. Маҳз беназорат гузоштани фарзандон боиси ба кору кирдорҳои номатлуб машғул шудани онҳо мегардад.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2019 №: 13 Мутолиа карданд: 821