иқтисод
ХАТЛОН. БЕШ АЗ 1000 ГЕКТАР БОҒУ ТОКЗОРИ НАВ БУНЁД МЕЁБАД
Кишоварзони вилояти Хатлон дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 бунёди боғу токзор ва маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшидаанд.
Тибқи иттилои Шамсиддин Раҳимов, сардори раёсати муҳити зисти вилоят, бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбонҳо то 4 январи соли равон дар ҳудуди вилоят 237 ҳазор гулу бутта шинонда шуд. Аз инҳо беш аз 100 ҳазор ба минтақаи Бохтар ва қариб 137 ҳазор ба минтақаи Кӯлоб рост меояд. Соли равон дар вилоят шинондани беш аз 5,5 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола ва 476 ҳазор ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ ба нақша гирифта шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд. То ҳол наздики 100 ҳазор бех ниҳол дарахт шинонда шудаааст.
Дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои вилоят зиёда аз 7 ҳазор гули лола, 85 ҳазор садбарг, 145 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонда шуда, дар баробари ин, дар масоҳати 2602 метри мураббаъ майсазори ҳамешасабз бунёд гардид.
- Соли 2018 дар ҳудуди вилоят 936 гектар боғу токзор бунёд гардидааст. Тибқи нақша, соли 2019 дар майдони 1010 гектар боғ ва 97 гектар токзори нав бунёд хоҳад ёфт, - гуфт Ш. Раҳимов.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2019 №: 13 Мутолиа карданд: 913