logo

ҳуқуқ

ТАРБИЯ АМАЛИ ТАҚДИРСОЗ

Мувофиқи талаботи замон ба низом даровардани раванди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва риояи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  аҳамияти рӯзафзун касб менамояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки  аз таълиму тарбия дур мондани фарзанд, пеш аз ҳама, аз бепарвоии волидон нисбат ба ҳаёти  ӯ маншаъ мегирад. Муносибати нодурусти омӯзгор низ ба тарбияи кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад.
Мақсади асосии қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буда, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълим додани фарзандон мебошад. Ин санад ҳамчун қонуни миллӣ аллакай нақши хоси худро дар таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ гузошт, зеро он дар баробари санади меъёрии ҳуқуқӣ будан, инчунин, як модел ва ё маданияти миллии тарбиявиест, ки хоси мамлакати тамаддунофар ва башардӯст аст. Дар асоси он раванди таълиму тарбияи фарзандон аз ҷониби  падару модар ва аҳли ҷомеа ба маҷрои худ ворид шуд.  Рафтору кирдори номатлуби бархе наврасон, ба монанди гаштугузори шабона, оворагардӣ, машғул шудан  ба бозиҳои компютерӣ ва ғайра, ки боиси ташвишанд, баъди қабули  қонун ба андозаи чашмрас коҳиш ёфтанд.
Ин таҷриба на танҳо дар мамлакатҳои минтақа, инчунин, дар дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта шуда, шоёни таҳсин гардид. Тарбияи комили насли ҷавон дар ҷомеаи муосир  кафили амният, рушду нумӯи Тоҷикистон ва ҳам  ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Сарвари давлат ҳанӯз зимни қабули  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бобати нақши асосии падару модар дар тарбияи фарзанд аз андарзҳои пурҳикмати «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғазолӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ғайра ёдовар шуда, гуфтанд: «Шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ, раҳму шафқат ва дӯстиву дӯстдорӣ миёни падару модар ва муҳити хонавода мебошад».
Беҳуда нагуфтаанд, ки «фарзанди хуб - боғи падар, фарзанди бад - доғи падар”. Маҳз фазои солими тарбияи фарзанд метавонад оиларо пойдор, ҷомеаро устувор ва ҳаётро созгор гардонад. Тарбияи фарзанд на танҳо уҳдадории фитрӣ ва ё қонунии волидон аст, балки шарти (фарзи) имонию виҷдонии инсон мебошад. Вазъияти ҷамъиятӣ тақозо мекунад, ки  ҷомеа ва мактаб баробари падару модар ба тарбияи ахлоқии наврасон ва донишандӯзии онҳо уҳдадории худро ба ҷо оранд. Дар бисёр ҳолат нисбат ба рафтору гуфтори  насли наврас аз ҷониби намояндагони баркамоли ҷомеа  бетарафӣ зоҳир мешавад. Ҳарчанд волидон ва омӯзгорон субъектҳои таълиму тарбия бошанд, иштироки нафарони калонсоли ҷомеа низ дар инкишофи маънавии кӯдакону наврасон нақши муҳим дошта метавонад. Чунки на ҳама вақт падару модар ё омӯзгорон ҳамроҳи наврасон қарор дошта метавонанд. Ин холигиро шахсони дигар – фаъолони ҷомеа бояд пур намоянд.
Сайлӣ ҚОСИМОВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 824
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед