ҳуқуқ
МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛА
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки С. Сироҷзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти кишвар, ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар соли 2018 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни он, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мақомотро ҷамъбаст намуда, дар назди кормандон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 зикр карда буданд, вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамзамон, ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуд.
Бо қарори ҳайати мушовара ба раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд.
М. САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2019 №: 13 Мутолиа карданд: 883