ҳуқуқ
МАСТӢ. 7 РОНАНДА ҶАРИМА ШУД
Ҷиҳати таъмини амният, бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии садама ва ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон дар ҳудуди пойтахт, аз ҷониби кормандони шуъбаи БДА раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейдҳо гузаронда мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, дар натиҷаи амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаригардида, 3779 қоидавайронкунӣ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ мебошад. Гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар бошад ҳам, мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида мегиранд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва сокинони кишвар хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
Ҳамин тавр, дар пайи рейди ҳафтаи гузашта, 7 ронанда - Солиев Шуҳрат, Одинаев Одинааҳмад, Сарашоев Исматулло, Мирзомуддинзода Давлатшо, Раҷабов Исмоил, Файзуллоев Фахриддин ва Боқиев Фарҳод бо ҷурми дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби кормандони БДА гунаҳгор дониста, нисбат ба онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2019 №: 14 Мутолиа карданд: 851