маориф
ЗАБОНДОНӢ ОМИЛИ МУҲИМ ДАР МУАРРИФИИ КИШВАР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро муҳим арзёбӣ карда, таваҷҷуҳро ба ин самти фаъолият зарур ҳисобиданд.
Дар ҳамин радиф, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш додаанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ман низ ҳамчун омӯзгор, ки аз табори мубаллиғони забони тоҷикиям, пешниҳодҳои Пешвои муаззамро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунам. Ҷонибдори он ҳастам, ки ҷавонон бояд ҳадди ақал як забони муоширати байналмилалиро донанд. Имрӯзҳо қисме аз онҳо орзуи дар мамлакатҳои хориҷ таҳсилу кор карданро доранд,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ҳамеша омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро таъкид менамоянд. Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат мо - омӯзгоронро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ диҳем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароити мусоиди тадрис, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош ва азму ғайрати дучанд лозим аст, ки дастурҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд.
Моҳира АШӮРОВА, омӯзгори МТМУ № 49 - и шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2019 №: 14 Мутолиа карданд: 1038