маориф
МУРАББИИ СОЛ
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон - 2018”, ки бо иштироки 5 нафар мураббии муассисаҳои томактабии кишвар гузашт, аз рӯи натиҷаи санҷиши малакаву маҳорат дар шаш шарт Ҳанифа Валиева, мураббии муассисаи томактабии № 27 - и шаҳри Хуҷанд пирӯз омад.
Ғолиби озмун бо ҷоизаи рамзӣ, мукофоти пулӣ бо маблағи 2000 сомонӣ ва нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадр шуд.
- Дар шароите, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба рушди ин зинаи таҳсилот афзалият доданд, ки он масъулияту уҳдадориҳои мо – мураббиёнро дучанд мегардонад. Ин ифтихори бузург аст, ки дар чунин озмуни сатҳи баланд ғолиб меоям. Аз устодону роҳнамоёни зиндагиам сипосгузорам, - изҳор дошт Ҳанифа Валиева.
Дар озмуни мазкур, инчунин, Марҷона Ғуломова, мураббии муассисаи томактабии № 20 - и шаҳри Бохтар Ҳаётбегим Шогулова мураббии муассисаи томактабии № 5 - и шаҳри Хоруғ Назарбахш Алидодова мураббии муассисаи томактабии № 67 - и шаҳри Душанбе ва Рӯзимоҳи Шарифзод мураббии муассисаи томактабии № 3, шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.
Маросими ҷамъбастии озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илм, Р. Содиқзода, намояндаи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф, аъзои кумитаи тадорукот, ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сурат гирифт.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2019 №: 14 Мутолиа карданд: 1169