logo

иқтисод

ҲАДАФИ АСЛӢ БЕҲБУДИИ ЗИНДАГИИ МАДУМ АСТ

Ҳар як сатри ҳуҷҷати сарнавиштсоз– Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвари азизи моро ба сӯи ободгарию созандагиҳои нав ба нав раҳнамун месозад.
Дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод канданиҳои фоиданоки табиӣ хеле фаровонанд. Аз ин рӯ, бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ на танҳо боиси некуаҳволии мардум, балки беҳтар  гардидани симои ин мавзеи зебоманзар хоҳад гардид. Боиси шодмонист, ки дар қатори корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, айни замон соҳаи  заршӯӣ дар ноҳия рушд меёбад. Оби рӯди дарёҳои ноҳияи мо дорои тиллои пошхӯрда буда, коркарду истифодаи онҳо манфиати зиёди иқтисодӣ дорад. Ҳоло дар дарёи Ёхсу корхонаи тиллои пошхӯрда фаъолият дорад.
Айни замон дар ноҳия 3 корхонаи хурди коркарди шир, корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди сангу шағал, шарбату нӯшоба (се корхона), коркарди меваи хушк, 2 корхонаи  хиштҳои сементӣ ва деворҳои металлӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд. Ният дорем, ки  бо ҷалби васеи соҳибкорон боз қариб 10 корхонаи нав, аз ҷумла истеҳсоли асфалт, сангу шағал, маҳсулоти ширӣ, дуредгарӣ, коркарди меваи хушк ва пӯсту пашм бунёд намоем. Дар  деҳаи Шаҳринави Поён сохтмони 2 хати технологии бастубандии меваи хушк барои содирот идома дорад. Аз рӯи таҳлилу ҳисобҳо, соле дар ноҳия беш аз 35 ҳазор тонна меваю ангур истеҳсол мегардад ва танҳо қисми ночизи он коркард ва ба фурӯш бароварда мешавад. Бунёди корхонаи нави коркарди меваи хушку бастабандӣ бо технологияҳои навтарин боиси бештар коркард гаштани мева ва ба хориҷи кишвар интиқол додани маҳсулоти  тайёри аз ҷиҳати экологӣ тоза хоҳад гардид.
Мехоҳам як нуктаи дигарро алоҳида зикр намоям: аз 238 иншооти ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёдшаванда як қисмаш бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ мебошад. Рушди ин соҳаи муҳими хоҷагии халқ метавонад барои ба меҳнати фоиданок фаро гирифтани аҳолӣ, коҳиш ёфтани муҳоҷират, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат  мусоидат намояд.
Ҳар як банди Паём моро ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави умед, ободкориҳо, беҳбудии зиндагии мардум ҳидоят месозад. Пешвои муаззами миллат ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки  Ватани моро ғайри мо касе обод намекунад. Ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат, хосса дар бахшҳои рушди деҳот, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, моро муваззаф месозанд, ки  аз захираву  имкониятҳои маҳаллӣ истифода намуда, соҳибкорон, ҷавонону  занон ва мардуми заҳматпешаи ноҳияро барои инкишофи босуръати инфрасохтори  деҳот ва муваффақона ҷамъбаст намудани  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷалб  намоем ва Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намоем.
Тоҳирхон АМИРШОЗОДА, раиси ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2019    №: 14    Мутолиа карданд: 967
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед