logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

СЕКУНҶАИ СЕҲРНОК
Дар доирачаҳо рақамҳои аз 1 то 9 –ро тавре ҷойгир намоед, ки ҳосили ҳар як тарафи секунҷа ба 17 баробар бошад. Рақамҳо бояд такрор нашаванд. 
Масъули рубрика Комрон САФАР

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 93-320-00-15


КАРИНА ВА САДОҚАТИ САГ
Карина Чикитоваи 3 - сола зодаи Ёқутистони Россия аст. Ӯ рӯзе барои дидани падараш саги дӯстдорашро ҳамроҳ гирифта, ба деҳаи ҳамсоя меравад. Роҳ то деҳаи дигар бошад, аз миёни анбуҳи ҷангал мегузашт. Вақте Карина ба деҳа меояд, падарашро наёфта, ба ҷустуҷӯи ӯ мебарояд ва бо ҳамин бедарак мегардад.
Аз асли воқеа огоҳ шуда, волидайни духтарча ба кофтуков мебароянд. Дар як муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои наҷотдиҳанда низ расида омада, тамоми ҷангалро мекобанд. Аммо бенатиҷа.
Аз байн 10 рӯз мегузарад, ҳама фикр мекарданд, ки духтарча шояд фавтидааст. Вале дар рӯзи 11-ум ба хона баргаштани саг дар дили ҳама умедро аз нав зинда мекунад. Аҷиб ин буд, ки саг баъди бозгашт боз аккосзанон ба тарафи ҷангал мешитобад. Мардум бошад, аз қафои ӯ.
Ниҳоят, пас аз тай намудани масофаи зиёд наҷотдиҳандаҳо духтарчаро аз бехи буттазоре меёбанд. Карина хеле лоғар, гуруснаву сармохӯрда, вале зинда буд.
Баъдтар худаш нақл мекунад, ки чӣ хел буттамева, барг ва алафро хӯрда, дар ин муддат зинда мондааст. Ба гуфтаи Карина, ӯро маҳз саги вафодораш наҷот додааст. Ин ҷонвари шуҷоъ бо аккоси худ ҳайвонҳои ваҳширо тарсонда,  даҳ рӯз соҳиби хурдакакашро ҳамроҳӣ кардааст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


САЙЁРА САФАРӢ - ГУЛЧИТАЙИ "МОСФИЛМ"
Сайёра Сафариро  имрӯз  дар байни  ҳунармандони      ҷавону боистеъдоди Россия чун    чеҳраи  намоёни «Мосфилм» мешиносанд ва як вохӯрии ғайричашмдошт бо  Егор Бероев,  коргардони рус,   ӯро маъруф гардонд. 
Як вақт гурӯҳи эҷодии «Мосфилм» ба Душанбе омад ва  кастинг  гузаронд. Сайёра   дар  он   хоҳарашро, ки ба сифати ҳунарманд даъват шуда буд, ҳамроҳӣ кард.  Ғайричашмдошт коргардон худи Сайёраро интихоб мекунад.
Наворгирии филм дар навоҳии доманакӯҳи  Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.  Давоми наворбардорӣ  бояд дар шаҳри Маскав сурат мегирифт.  Аз ин рӯ,  Егор  Бероев шахсан ба хонаи  онҳо  омада,  аз падари Сайёра хоҳиш   намуд, ки  духтараш ба кор идома диҳад. Ҳамин тавр, соли 2008  ӯ   донишҷӯи  омӯзишгоҳи  театрии ба номи М. С. Шепкин шуд.  Соли 2011  филм  ба ҳаводорон  пешкаш гардид. Сайёра дар як муддати кӯтоҳ  бо офаридани нақши Гулчитай  дили тамошогаронро  тасхир намуд.
Соли 2014 филми дуюм – «Гюлчитай. Ба хотири  муҳаббат» пешкаши мухлисон  гардида, номи Сайёраро боз ҳам машҳур кард.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
ИЗАБЕЛЛА
Номи Изабелла - шоҳбонуи Кастилия, аз соли 1474 дар таърих бо роҳандозӣ кардани экспедитсияи Христофор Колумб маълуму машҳур гардид. Мувофиқи маълумот, Изабелла ҷавоҳироти шахсиашро ба гарав монда, барои ин экспедитсия маблағ ҷамъоварӣ намуд. Ба гуфтаи таърихнигорон, шоҳбону ба ҷуз ин, нақшаи ҷаҳонкушоиро якҷо бо Колумб кашидааст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки шоҳбону чун сиёсатмадори закӣ барои пойдории кишвараш низ корҳои бузургро анҷом додааст. Масалан, издивоҷи ӯ дар соли 1479 бо шоҳи Арагон Фирнанд кори оқилонае буд. Ин издивоҷ ба иттиҳоди сулолаҳои шоҳони Кастилия ва Арагон асос гузошт ва Изабелларо дар таърих чун бунёдгузори давлати Испания шинохтанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ЛУТФИ ЭЙНШТЕЙН
Эйнштейн дар кӯча дӯсти деринаашро вохӯрда, лутф мекунад:
- Бегоҳ ба хонаи мо биёед, шуморо бо профессор Стимсон шинос мекунам.
- Охир, Стимсон худи ман ҳастам,- бо тааҷҷуб мегӯяд дӯсташ.
- Ин ҳеҷ аҳамияте надорад, омадан гиред,- боз ҳам ҷиддитар мегӯяд Эйнштейн.
Аз русӣ тарҷумаи М. Одинаева


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Боре рӯзноманигорон аз ҳамсари Эйнштейн пурсиданд, ки дар бораи ӯ чӣ андеша дорад.
- Шавҳарам аллома аст, ҳама чизеро, ки ҷӯё шавад, меёбад, ғайр аз пул,- мегӯяд ӯ.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


10 КИШВАРЧАИ БОЙ
9. Сан-Марино
Сан-Марино дар оғӯши Италия доман густурда, дар шимолу шарқии кӯҳҳои Апеннини нимҷазира ҷойгир аст. Масоҳати мамлакат 61 километри мураббаъ буда, шумораи аҳолиаш ҳамагӣ ба 30 000 нафар  мерасад. Ин яке аз кишварҳои хурдтарин ва сарватмандтарин дар ҷаҳон мебошад. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ 59 000 долларро ташкил медиҳад.
Боигарии кишвар аслан бо устувории иқтисодӣ, аз ҳама сатҳи пасти бекорӣ дар ҷаҳон, набудани қарзи давлатӣ ва тавозуни мусбати буҷети давлатӣ асос ёфтааст. Ин омори аҷиб аст, гарчанде сайёҳӣ на беш аз ду дарсади ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад ҳам, ҳамасола Сан-Мариноро зиёда аз ду миллион сайёҳ дидан мекунанд. Табиати зебо, иқлими форам, фарҳанги ғанӣ дорад. Дар ин ҷо метавон бо ҷойҳои таърихие шинос шуд, ки ба зудӣ фаромӯш намешаванд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
Инҷо сухан дар бораи нашри китобҳои аз ҳама серхаридор меравад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки китобҳои аз ҳама зиёд бафурӯшрафтаи асри ХХ ва асарҳои серхаридортарини дунё маҳсуб мешаванд.

«ХОББИТ»
Ҷон Роналд Руэл Толкин, нависандаи англис, бо асарҳои нотакрори хеш, бахусус  «Хоббит» машҳури олам гаштааст. Асар  дар жанри афсона таълиф шудааст.
Бояд зикр намуд, ки «Хоббит» - ро нависанда танҳо барои фарзандони хеш эҷод намуда буд, вале  ин асар тасодуфан ба дасти яке аз донишҷӯён  меафтад. Ӯ дастнависро ба матбаае пешкаш мекунад.  Сардори он асарро барои мутолиа ба писараш дода, хоҳиш менамояд, ки онро баҳогузорӣ намояд. Писарбача қарор медиҳад, ки «Хоббит» бояд ба зудӣ чоп шавад. Ҳамин тавр, асари мазкур бо шумораи 100 миллион нусха дастраси хонандагон гардида, яке аз серхаридортарин китоб дар қарни ХХ гардид.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЛӮХТАКҲОИ ДУГОНА
Дар давраҳои қадим лӯхтакҳоро барои бозии кӯдакон ва дар саҳначаҳои хурди пасипардагӣ, ки тамошогаронро шод мекард, месохтанд.
Лӯхтакбозӣ дар вуҷуди кӯдак ҳиссиёти ғамхориро бедор менамояд. Яъне, кӯдак нисбат ба зоча меҳрубонӣ зоҳир  намуда, рафтор ва муносибатеро, ки модараш нисбат ба ӯ менамояд, такрор мекунад.
Маводе, ки барои сохтани лӯхтак истифода мешавад инҳоянд: чӯб, пашм, тугма, латтапора, пахта ва сӯзану риштаҳои рангин. Лӯхтакҳоро ду намуд месозанд: мулоим ва риштапеч. Ҳар яки он тарзи мушаххаси омода кардани худро дорад. Инчунин, аз маводи номбурда лӯхтакҳое месозанд, ки дар саҳнаи театри лӯхтак истифода бурда мешаванд.
Таҳияи  Сафаргул АЛИМОВА


362 КИЛОМЕТР БАРОИ РАСОНДАНИ ПИТСА
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯзҳо ҳама аз қаҳрамонии як хизматгори ғизорасон сухан мегӯянд.
Сокини шаҳри Индианаполис Рич Морган дучори бемории саратон шуд. Марде, ки дӯстдори ашаддии питса буду садҳо километр роҳро тай карда, ба Мичиган барои ҳамин ғизо меомад, дигар ба питсерияи дӯстдоштааш, омада, наметавонад. Хизматгори ғизорасон Долтон Шэффери 18-сола инро шунида, дилаш ба бемор сӯхту хост дар ҳаққи ӯ некӣ кунад.
Воқеан ҳам, ин ҷавон қаҳрамонӣ нишон дода, барои расондани ғизо 362 километрро бо велосипедаш тай намуд ва ғизоро ба дӯстдораш расонд. Мусаллам аст, ки хурсандии Морганро ҳадду канор набуд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ФИЛҲО БА НАФАҚА МЕБАРОЯНД?
Оё медонед, дар баъзе мамлакатҳо ҳайвонҳо ба хизмати давлатӣ ҷалб мегарданд! Агар шубҳа доред, пас таваҷҷуҳ кунед.
Дар кишварҳои Таиланду Ҳиндустон филҳое, ки ба хизмати давлатӣ сафарбар гардидаанд, ҳуқуқи баромадан ба рухсатии меҳнатию нафақаро доранд. Мувофиқи Конститутсияи Таиланд ва қонунҳои ҷории Ҳиндустон филҳо дар синни 60 – 65 – солагӣ ба нафақа мебароянд. Дар ин давра онҳо бо хӯрок, хизматрасонии тиббӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мегарданд.
Дар Таиланд беш аз 20 ҳазор фил ҳаст, ки аз рӯи қобилияташон дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд. Барои муайян кардани лаёқаташон, онҳо аз хурдсолӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, танҳо баъд аз 3 сол, яъне дар 12 – солагӣ, ҳуқуқи ба кор машғул шуданро пайдо мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки филҳо беш аз 70 сол умр мебинанд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


АСРОРИ ТАҲИЯИ ФИЛМ
Пӯшида нест, ки офариниши филм заҳматталаб буда, нозукиҳои зиёд дорад. Ҳарчанд ҳоло замони ривоҷу равнақи бесобиқаи технологияҳои компютерӣ бошад ҳам, таҳиягарони филм, ба хотири сарфаи маблағ, на ҳама вақт аз онҳо истифода мебаранд. Аз ин рӯ, ҳангоми банаворгирӣ гурӯҳи эҷодӣ, пеш аз ҳама, такя ба тахайюлоти хеш мезанад. Дар иртибот ба ин, мо тасмим гирифтем, дар ин матлаб баъзе усулу шеваҳоеро, ки таҳиягарон ҳангоми эҷоди филм рӯи даст мегиранд, ифшо созем.

1. Истеъмоли машрубот
Дар аксари филмҳо чунин саҳнаҳо ба назар мерасанд. Вале, дар асл бошад, ҳунармандон ҳангоми нақшофарӣ аз истеъмоли машрубот парҳез  мекунанд. Аз ин рӯ, онҳоро дигар нӯшокиҳо иваз менамоянд. Масалан, ба ҷои пиво шарбати себ ё оби минералии рангдодашуда ва бар ивази шароб бошад, сиркоро истифода мебаранд.

2. Сигарет 
Агар шумо гумон кунед, ки ҳунармандон зимни иҷрои нақш сигарет ё сигараи ҳақиқӣ мекашанд, хато хоҳед кард. Ба ҷои онҳо сигаретҳои алафӣ, ки қатрон ва никотин надоранд, истифода бурда мешаванд. Ин, пеш аз  ҳама, ба хотири ҳифзи саломатии ҳунармандон аст, зеро мувофиқи баъзе сенарияҳо онҳо бояд сигарети зиёд кашанд. Аз ҷумла, дар силсилафилми «Шайдоиҳо» иҷрокунандаи нақши асосӣ Ҷон Ҳемм 74 дона сигарет кашидааст. Акнун, тасаввур кунед, агар он сигарети ҳақиқӣ мешуд, бе шубҳа, ҳунарвар ба бемории вазнине мубтало мегашт ва продюссерони филм ба ӯ ҷубронпулии ҳангуфт пардохт менамуданд.
Таҳияи Ш. ШОКИР


Дар кадом шаҳрҳо аз ҳама зиёд осорхонаҳо ҷойгир шудаанд?
Шанхай – 95 - то
Стокголм – 29
Париж – 28
Москва – 24
Истанбул – 22
Буэнос- Айрес – 18
Ҳонконг – 17
Сеул – 16
Кейптаун, Вена, Варшава – 14
Лондон, Лиссабон, Токио, Рим – 13 - тоӣ
Таҳияи Умар АЛӢ


РИС
ОДАМГАРИИ ЯК ВАРЗИШГАР
Шояд бовар накунед, вале воқеият аст, ки дар марафони 37 – уми Лондон даванда Мэттю Рисии бритониёӣ ба ҳарифаш Дэвид Уайет, ки худро бад ҳис мекард, ёрӣ расонд то ба марра бирасад.
Дар марҳилаи ниҳоии масофаи 42 – километра, ӯ мушоҳида кард, ки  пойҳои Уайет аз хастагӣ ба ҳам мепечиданд. То охири дав 300 метр боқӣ монда буд ва Рис ҳарифи беҳолшударо дида, истод.
- Ман мехостам ба ӯ ёрӣ расонам, ки давро то ба марра расонад ва вақте ки аз ҷой мехест, такроран меафтид. Муҳим ин буд, ки Уайетро то ба анҷоми дав расидан водор кард. Андак монда буд, ки аз идомаи марафон даст кашам, вале ин амалро ба худ муносиб надонистам, - мегӯяд Рис.
Рис то дидор бо Уайет марафонро мехост дар камтар аз 2 соату 50 дақиқа тай намояд.
Билохира, ҳар ду даванда бо натиҷаи 2 соату 52 дақиқаву 26 сония ба марра расиданд.
Агар Мэттю Рис намеистод ва андармони ҳариф намешуд, натиҷаи мехостаашро боз ҳам беҳтар мекард, аммо ӯ одамиятро аз арзишҳои дигар болотар гузошт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

 

8 ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ОЛАМ
Саҳифаи “Шоми шанбе”- и рӯзнома дар бораи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон матолиби мухтасар интишор карда буд.  Ин навбат тасмим гирифтем  шумо – хонандагони азизро бо хурдтарин шаҳрҳои олам шинос намоем.

Дюрбуи. Аҳолиаш 300 нафар
Дар ин минтақа соли 889 қалъа сохта шуд ва бори аввал оид ба шаҳри мазкур дар китобҳои асри XI маълумот додаанд. Дар ибтидои асри XIV гирди шаҳр бо девор маҳкам карда шуд, ҳамчунин, милитсия ва суд ба фаъолият оғоз карданд. Ин раванд имкон дод, ки соли 1331 Дюрбуи унвони шаҳрро ба худ гирад. Имрӯзҳо низ бо вуҷуди хело хурд буданаш, ин унвонро аз даст надодааст.  Тамоми биноҳои шаҳр дар асрҳои миёна бунёд шуда, пешрафташ аз ҳисоби соҳаи сайёҳист.
Таҳияи Комрон САФАР


4  СОҲИЛИ ЗЕБОИ ДУНЁ
4. Маврикий – Paradis - яке аз минтақаҳои зеботарини уқёнуси Ҳинд ба шумор рафта, дар қисмати ҷанубии Маврикия ҷойгир аст. Дар тамоми фасл оби ин ҷо ором ва барои истироҳат мувофиқ мебошад. Ба ин ҷо бисёртар дар фасли тобистон мардум барои шино намудан меоянд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
БОЗГАШТИ БАЧАИ «МУРДА»
Дар хонаи яке аз сокинони Миср азо мешуд, баъди он ки писараки ҳафтсолаи онҳоро мурда дарёфтанд. Бачаро чор рӯз ҷустуҷӯ карданд, баъд падар ҷасади ӯро дар мурдахона дида, шинохт. Вале, ҳангоми ба лаҳад гузоштани майит, нохост писарак зиндаву саломат пайдо шуд. Маълум гашт, ки вай ба хонаи хешонаш, ки берун аз шаҳр мезистанд, ба меҳмонӣ рафтаасту фаромӯш намудааст, ки аз ин нияташ зодмандонашро хабардор созад. Хатои падарро дар вақти шинохтани ҷасад, ба ин маънӣ фаҳмиданд, ки он замон аз ғаму ғусса шояд ақлаш тира шуда бошад. Бозгашти бачаи «мурда» - ро ду рӯз ҷашн гирифтанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,   тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2019    №: 15    Мутолиа карданд: 1075
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед