ҳуқуқ
РӮБАРӮИ ХАТАРҲОИ ҶИДДӢ...
Ҷомеаи башарӣ бо хатарҳои ҷиддӣ, яъне терроризму экстремизм, рӯбарӯст. Бисёр аз васоити ахбори омма ва гурӯҳҳои муайян дар ин мавридҳо мусулмонон ва кишварҳои исломиро сабабгору гунаҳгор медонанд. Ин зуҳуроти номатлуб чун аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд. Ҳарчанд ки ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ва ҳам Пешвои миллат расман борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо қатъият изҳор доштанд, ки номи поки исломро бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар набояд олуда бисозанд. Ва ҳам ба яқин, ин гуна пиндору амал шитоби маҳз маҳсуб мешавад.
Дар асл дини мубини ислом бо арзишҳои олии худ дар тӯли таърих ҳамеша мардумро ба иттиҳод, шинохти ҳақиқат, таҳаммулгароӣ, суботу оромӣ даъват намудааст. Инчунин, таъкид кардааст, ки аз фитна, тафриқаандозӣ, куштор, туҳмат, дилозорӣ бо шинохти рисолату масъулият бар канор бошанд.
Дар Қуръони карим омадааст: «Ва шумо - ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед». Ва ҳам Худованд бо таъкид ба расулаш мефармояд: «Дар ҳақиқат, касоне, ки динашонро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ гардиданд, ту ҳеҷ робитае ба онҳо надорӣ ва корашон танҳо бо Худост. Он гоҳ бо чӣ анҷом медоданд, огоҳашон хоҳад кард».
Расули Худо(с) тибқи як ҳадисаш ягонагӣ ва парҳезгориро аз тафриқа воҷиб шумурдаанд.
Ҷойи таассуф мебошад, ки имрӯз мусулмонони кишварҳои исломӣ бар асари ин зуҳурот берун ва дур аз ватани аҷдодӣ умр ба сар мебаранд.
Фарҳанги миллии мо дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ ташаккул ёфтааст ва он аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳанӯз чанд сол пеш бо дарку эҳсоси густариши ин зуҳуроти фоҷиабор Сарвари давлат таъкид доштанд: «Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва, махсусан, ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».
Барои шинохти исломи аслӣ ва арзишҳои олии он бо супоришашон нахустин бор Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давр 200000 нусха нашр ва ба мардум ройгон тақдим гардид. Инчунин, дигар китобҳои динӣ, аз қабили «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Муҳаммади Ғазолӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат ба табъ расиданд.
Сарвари давлат соли 2013 дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки пас аз фароҳам овардани имконоту шароити муҳим дар ин самт ба иловаи афзоиши хурофотпарастӣ, ифротгароиву таассуб «ҳатто зуҳуроти бисёр хатарноки терроризм ба қайд гирифта шудааст».
Воқеан, кишваре, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷинояту амалҳои террористиву экстремистиро диду аз сар гузаронд, бояд барои тамоми шаҳрвандонаш сабақи бузурги таърихӣ мегардид. Махсусан, ҷавонон барои пойдории истиқлолият, ваҳдат, давлату миллат ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешиданд. Мутаассифона, даҳҳо нафар чи дар дохил ва чи дар берун аз кишвар ба ҷиноят ва амалҳои террористӣ даст заданд. Дар натиҷа ҷасади сардашон боз андуҳи падару модари онҳоро бештар афзуд. Бархе аз ин гурӯҳи ҷавонон дар хориҷа ва дар худи Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дарҳои фитнаҳоро имрӯз васеъ кушоданд. Усулу роҳҳои нави даъват ба ҷиноятҳову амалҳои террористӣ афзудааст. Бо ваъдаҳову хабарҳои бардурӯғ майнаҳои ҷавонон ва вуҷудашонро заҳролуд сохтаанд. Онҳо хоҷагонашонро дар фармонравоӣ ва ҳукм бартар аз падару модар медонанд.
Мебинем, шоҳид мешавем, ки исломро ба таври сунъӣ сиёсӣ мекунонанд. Бо истифода аз дини пок ва оламшумул ғаразҳои сиёсиву нопоки худро амалӣ месозанд.
Агар имонҳои мо қавӣ бошаду ақлҳоямон комил ва дуруст дониш андӯхтаву ҳақиқатро ҳамчунон шинохта бошем, кохи эътиқодамонро ҳеҷ неруе рахна карда наметавонад. Вазъи сиёсии мураккабшудаи ҷаҳонро хуб мешиносему фирефта намегардем. Охир, ба василаи паямбари гиромиқадр Худованд ба мо ин ҳукмро расондааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед».
Бо таъкиду ҳидояти Сарвари давлат мубориза бо экстремизм ва терроризм ҳаргиз маънои мубориза бо динро надорад ва онро набояд ба мардум чунин муаррифӣ бинамоянд. Мубориза бо ин зуҳуроти фалокатбор вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди солимақли кишвар ва сокини сайёра аст. Барои экстремист ва террорист дину мазҳаб, ватан ва дигар муқаддасот вуҷуд надорад. Асари бади ин зуҳурот ба тамоми дунё ва ҳар сокини он мерасад. Имрӯз зарур аст, ки ходимони дин ва онҳое, ки дониши динӣ доранд, бо эҳсоси ин хавфи бузургу хатари ҷиддӣ беш аз пеш ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ бидиҳанд. Фарҷоми андак ғафлат, бемасъулиятӣ, бетарафӣ бад аст, балки аз бад ҳам бадтар. Дар замоне, ки исломро ба ғаразҳои нопоки худ сиёҳ мекунанд ва ба ривоҷу густариши ҷиноятҳову амалҳои террористиву экстремистӣ бадном месозанду онро олуда менамоянд, бо фароғат дар канор нишастан гуноҳест нобахшиданӣ. Оре, бояд бигӯем, ки Худо ва расули ӯ кушторро маҳкум намудаанд. Бар ин ҳақиқат далелҳои зиёд вуҷуд доранд. Бояд онҳоро сари вақт, рӯшану фаҳмо ва муассир расонд.
Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар навбати худ барои рушду инкишофи фарҳанги исломии ҷомеа тамоми тадбирҳои заруриро андешидаасту меандешад. Инчунин, ҳуқуқ ба озодии виҷдон ҳамчун арзиши олӣ эътироф мешавад. Пас бояд ба қадри ин неъматҳо бирасем ва нагузорем, ки ҷиноятҳо ва амалҳои террористиву экстремистӣ содир бишаванду суботу оромиро барҳам зананд ва дини мубину поки исломро душманони онон бадном бисозанд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2019 №: 15 Мутолиа карданд: 930