logo

иқтисод

ПАХТАКОРӢ. ЧӢ ТАВР РУШДИ СОҲАИ МУҲИМТАРИНИ КИШОВАРЗИРО ТАҚВИЯТ БАХШЕМ?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён  намуданд, ки татбиқи ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ  тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ,  таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат  нақши муҳим дорад. Дар натиҷаи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ва заҳмати пахтакорон тайи чанд соли охир майдони кишт васеъ ва истеҳсоли пахта афзуда истодааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2018 дар майдони  185817 гектар кишт гузаронда шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 11838 гектар зиёд мебошад.
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 300359 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 16,2 сентнериро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 6,2 - сентнерӣ кам мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, яке аз сабабҳои паст шудани ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурӣ ин дар давраи гулу шонабандии пахта баланд шудани ҳарорати ҳаво, риоя нагардидани агротехникаи парвариши он, нарасидани нуриҳои минералию органикӣ, махсусан нуриҳои фосфорӣ ва калий, таъмин набудан бо заҳрхимикатҳою  тухмиҳои хушсифат, ғайриқаноатбахш будани ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад.
Омили дигари кам шудани истеҳсоли пахта дар ноҳияҳои пахтапарвари вилояти Хатлон камбориш омадани моҳҳои марту апрел, дар мавсими кишти пумбадона арзёбӣ гардид. Аз сабаби дертар об гирифтани  киштзорҳо сабзиши пахта 7 - 8 рӯз ақиб монд. Ҳамчунин, ҳарорати баланди ҳаво дар моҳи июл, ки 43 - 45 дараҷаро ташкил дода, зиёда аз 18 - 20 рӯз идома ёфт,  нашъунамои пурраи пахтаро 18 - 20 рӯз боздошт. Ҳосили пахта назар ба соли пешӣ дар умум 25 рӯз дертар пухта расид. Дар натиҷа кӯракҳои қисми болои пахта ҳаҷман хурдтар шуда, қисми онҳо аз таъсири хунукиҳои моҳи ноябр  нобуд гаштанд.
Дар баробари ин, бо вуҷуди чорабиниҳои пешгирикунанда аз сабаби камбориш омадани фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2017 - 2018 миқдори ҳашароти зараррасон бештар гардида, ба ҳосилнокии пахта таъсири манфии худро расонданд. Бо тағйирёбии ҳарорати ҳавои тобистон паҳншавии зараррасонҳои пахта дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, хусусан майдони паҳнгаштаи тортанаккана дар майдони 8348 гектар ва кирми ғӯза дар 5632 гектар, ба қайд гирифта шуд. Барои пешгирии саривақтии паҳншавии зараррасонҳои макандаи пахта, аз ҷумла   тортанаккана, дар майдони умумии 89703 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронда шуд. Ба муқобили зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 77445 гектар ҳашароти фоидаовар (аз он трихограмма дар майдони 35209 гектар, габробракон 31706 гектар ва тиллочашмак дар майдони 10530 гектар) истифода  ва  ба миқдори 21282 адад домҳои ферамонӣ гузошта шуд.
Баҳри ҳалли мушкилот дар ин самт ва афзудани ҳаҷми истеҳсоли пахта олимон ба пахтакорон истифода аз навъҳои нави серҳосили пахта бо такомули истеҳсоли тухмиҳои босифатро  пешниҳод менамоянд.  Соли гузашта  пахтакорони ҷумҳурӣ навъҳои “Ирам -1МН”, “Хуҷанд-67”, “Ориёӣ”, “Хатлон-2014”, “Флеш” ва ғайра кишт намуданд.
Ширкати “Водии Заррин” барои кишт ба миқдори 222,4 тонна чигити тухмии лучаки навъҳои хитоии “Ханҷиан”, “Хинҷиан” ва навъи туркии “Флеш”, кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” 43,8 тонна навъҳои чигити “Флеш”, “Харизма”, “ПГ-2018”, “ВА-440”, “Эдесса” ва ҶСК  ба номи А.Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 50 тонна чигити тухмии элитаи навъи «Инхан-6» - ро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид намуда, ба хоҷагиҳои пахтакор ба фурӯш бароварданд.
Соли ҷорӣ дар мамлакат мувофиқи дурнамо  дар майдони 188410 гектар, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 58140 гектар, Хатлон 122000 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8270 гектар, кишти пахта пешбинӣ гардидааст.
Айни ҳол бо мақсади коҳиш додани таъсири омилҳои манфии таъсиррасони табиат, устувор гардидани хоҷагиҳои кишоварзӣ дар парвариши зироатҳо ва нигоҳ доштани фаровонии бозорҳои истеъмолии кишвар аз ҳисоби олимон ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа гурӯҳҳои корӣ ба шаҳру  ноҳияҳо сафарбар карда шуда, бо деҳқонон мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо  ташкил карда истодаанд.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ, 92990 тонна нахи пахта ба маблағи 181 605 596  доллари ИМА содирот гардидааст.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ, ба таври кофӣ истифода нашудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ,  соли 2018 аз ҳаҷми истеҳсоли нахи пахтаи истеҳсолгардида ҳамагӣ 10 - 12 дарсади он дар дохили кишвар коркард шуда, содирот 2 баробар афзудааст.
Умед аст, ки ояндаи наздик ин мушкилот ҳалли худро меёбад ва ин маҳсулоти пурқимат -  “тиллои сафед” дар дохили кишвар коркард шуда, сокинони мамлакат бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд. Аз ин лиҳоз, масъулон бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор намоянд, то ин ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардум бо маҳсулоти худӣ таъмин шавад. Ҳамчунин, агар  корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд гардида, ба ин васила ҷойҳои  нави кор таъсис ёбанд, боиси рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хоҳад гардид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2019    №: 15    Мутолиа карданд: 1456
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед