фарҳанг
ЛИБОС. АЗ КУРТАҲОИ СИЁҲУ ТОРИК ДАСТ КАШЕМ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид доштанд: «Солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, бахусус миёни занон, вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад. Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд. Ҳол он ки Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сатру ҳиҷобу саллаву риш».
Расули акрам (с) дар ин масъала ҳидоятҳое доранд, ки онҳо бояд сармашқи зиндагӣ қарор бигиранд. Аз ҷумла: «Касе, ки либоси дароз ба унвони ғурур бипӯшад, Худованд ба назари лутф ва муҳаббат ба ӯ нигоҳ намекунад».
Ҳамчунин, ривоят шуда, ки пайғамбар (с) фармудаанд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад, Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат расво мекунад ва касе, ки аз рӯйи риё амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд бо изҳор намудани риёкорияш дар баробари мардум дар рӯзи қиёмат шармандааш месозад».
Яъне, Худованд дар ҳама корҳо, аз ҷумла либоспӯшӣ, рафтору гуфтор - хоксорӣ ва фурӯтаниро дӯст медорад. Аммо баъзан одамонеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона таассуб намуда, аз ҳад мегузаронанд.
Либосҳои сиёҳ дар ягон давру замон хоси занони тоҷик набуд. Ҳатто дар маросимҳои азодорӣ занон либосҳои сабз ё кабуд пӯшида, ба сар рӯймоли сафед меандозанд. Чунин таассубкорӣ асосан тавассути шабакаҳои интернетӣ паҳн шуда, одамони аз асли масъала ноогоҳ ба он пайравӣ мекунанд.
Шакли дигари либосҳои ба ном сатр – ин либосҳое аст, ки ба ривояте бадани занро пӯшидааст, аммо чунон танг аст, ки тамоми андомаш намоён буда, барои мардон диққатҷалбкунанда мебошад. Инҳоро пайғамбар (с) «либосдор ва дар баробари ин бараҳна» ном бурдаанд.
Ҳар фарди ҷомеа, махсусан, занону бонувони мо бояд шукронаи давлати соҳибихтиёр, озодиву осоиш ва сулҳу оромиро карда, дар пайи ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худашон хонаву дари обод, шароити аз имрӯза дида хубтар муҳайё кунанд, хонаву кошонаи худро тозаву озода нигоҳ доранд, боиффату соҳибмаърифат, бо рафтору кирдор ва андешаву пиндори неки худ номбардори ин Ватан, ин миллат ва ин марзу бум бошанд.
Худнамоӣ, тақлидкорӣ ва бегонапарастӣ танҳо хоси занон набуда, баъзе мардҳо низ ба он роҳ медиҳанд. Масалан, куртаҳои дароз, шими кӯтоҳ, камзӯлчаҳои беостин, ришҳои дарози пароканда хоси тоҷикон нест.
Бояд дар хотир дошт, ки либоси ҳар минтақа вобаста ба иқлими он аст. Барои мо - мардуми тоҷик ва махсусан, занону духтарон ба бар кардани либоси миллии худ, аз қабили атласу адрас ва чакан бояд боиси ифтихору хушҳолӣ бошад. Зарур аст, ки ба либоси миллии худ арҷ гузорем.
М. ХОҶАЕВА,
муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДҲБСТ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.2019 №: 16 Мутолиа карданд: 834