logo

иқтисод

ГУМРУК. ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРОН ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ АСТ

Соҳаи гумруки ҷумҳурӣ бо дастгирию талошҳои пайваста ба яке аз бахшҳои пешрафтаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат табдил ёфтааст. Соли гузашта кормандони мақомоти гумруки кишвар дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати таъмини даромадҳои гумрукию пешгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолияти самарабахш анҷом дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар ин муддат нақшаи ситондани пардохтҳои гумрукӣ бе назардошти 30 дарсади хироҷ 101,2 дарсад иҷро шуда, ба ҷойи 4 миллиарду 802,7 миллион сомонии пешбинишуда ба Буҷети давлатӣ 4 миллиарду 858,5 миллион сомонӣ ворид гардид.
Азим Турсунзода, муовини якуми сардори хадамот, изҳор дошт, ки ин нишондиҳанда, аз кори самараноки масъулони соҳа дар роҳи иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ гувоҳӣ медиҳад.
- Амалӣ шудани чорабиниҳо оид ба такмили низоми маъмурикунонии соҳа, татбиқи дурусти қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ, барасмиятдарории босифати молҳои ниёзи мардум, гузарондани машварату корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони иқтисодии хориҷӣ ва пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии маҳсулот ба барзиёд  иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мусоидат намуданд. Маҳз дар доираи қонунгузорӣ дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт барои субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шароити мусоид муҳайё намуда, ҳавасмандии онҳоро ба воридоти молҳои зарурӣ бештар намуд, - гуфт номбурда.
Ба гуфтаи А. Турсунзода, соли 2018 масъулону кормандони хадамот дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ  баҳри таъмини амнияти иқтисодии кишвар дар доираи салоҳияти худ 11  ҳолати интиқоли молҳои пастсифатро  бо вазни қариб 340 ҳазор  кило, аз ҷумла  бештар  маҳсулоти гӯштӣ, қанодӣ,  масолеҳи чопӣ, тухмии гулмоҳӣ,  моҳии яхкардашуда, доруворӣ, офтобпараст,  нӯшокиҳои қувватбахшро ошкор ва таҳти низомҳои гумрукии “нобудкунӣ” ва “реэкспорт”  маҳв карданд.
Гузашта  аз ин, воридоти  ғайриқонунии маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон  гузашта, аз ҷумла  доруворӣ  52494 дона,  тухми  мурғ  214200 дона,   қимаи гӯшти мурғ  16663  кило,  шакалод  10 573  кило   хӯрокворӣ  13 750  кило бо кӯшиши кормандони хадамоти гумрук дар минтақаҳои сарҳадӣ  пешгирӣ шуд.  Нисбат ба афроди  қонуншикан парвандаҳо боз гардиданд ва  ҳоло дар мақомоти прокуратура мавриди тафтиш қарор доранд.
Дар самти ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи гумрукӣ низ хадамот корҳои зиёдро ба анҷом расонд. Дар сурати пурра фаъол шудани система барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ, транзитӣ тариқи муомилоти ҳуҷҷатҳои қоғазӣ дар кишвар марҳила ба марҳила аз байн рафта, дархосту пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, мубодилаи иттилоот ва қабули пардохтҳои ҳатмӣ байни сохторҳои давлатии ба система пайвастшуда ба таври электронӣ ба роҳ монда мешавад.
Татбиқи имтиёзҳои тарифию андозӣ боиси ҳавасмандии бештари соҳибкорону тоҷирон гардида, ба гардиши тиҷорати хориҷӣ такон бахшид. Тибқи маълумоти гумрукӣ, дар ин муддат ба андозаи 55,8 миллион доллари ИМА воситаҳои нақлиёти нав, ки аз санаи бароришашон 1 сол нагузаштааст, ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд. Дар маҷмӯъ, ба кишвар 18 ҳазору 873 воситаи нақлиёти сабукрав ворид шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ  6 ҳазору 871 дона зиёд мебошад.
Дар натиҷаи истифодаи фишангҳои гумрукӣ аз ҷониби кормандони хадамот бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ воридоти баъзе маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшаванда, аз ҷумла, гандум, орд, равғани рустанӣ, маҳсулоти гӯштию макаронӣ,  чорвои калони шохдор, тухми мурғ, шиша ва маснуоти аз он омодашуда,  либосҳои кӯдаконаю занона, ки истеҳсоли онҳо дар дохили ҷумҳурӣ афзудааст, назар ба соли пешӣ  ба андозаи 52 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА коҳиш ёфт.
- Дар маҷмӯъ, соли 2018 баробари кулли мардуми шарифи мамлакат барои кормандони мақомоти гумрук низ пурбарор буд, - гуфт А. Турсунзода. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2019    №: 17    Мутолиа карданд: 1169
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед