logo

ҳуқуқ

КИБЕРТЕРРОРИЗМ. (ҶАНГИ ИТТИЛООТӢ) ЧИСТ?

Истифода намудан аз ВАО ин роҳи хеле осон, бехатар ва бе ҷавобгарӣ расидан ба мақсадҳои худ мебошад. Аз ҷониби дигар, дар замони муосир ва ҷомеаи имрӯза таъсири сухан ба мафкураи одамон аз таъсири яроқ дида бештар аст. Аз ин лиҳоз, кишварҳои абарқудрат аз қувваи ВАО хеле хуб истифода мебаранд ва тавассути медиа - психология тарғиб ва ташвиқи идеологияи худро ҷорӣ месозанд.
Медиа - психология ин худ тавассути технологияҳои навини аудиовизуалӣ намоиш ва таъсир расондан ба аудитория мебошад. Ҷанги итилоотӣ мубориза миёни давлатҳост, ки бо мақсади ба даст овардани афзалиятҳои низомию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва, умуман, манофеъ бо роҳи паҳнкунӣ ва истифодаи тамоми намудҳои иттилоот роҳандозӣ мешаванд. Кибертерроризм усулест, ки миёни давлатҳо аз муборизаи тиру туфанг ва яроқҳои ҳастаӣ дида садҳо маротиб болост ва ин навъ муҳориба ба воситаи иттилоот яъне ҷанги иттилоотӣ сурат гирифта, бе талафоти ҷонӣ анҷом дода мешавад. Дигар ин ки, сухани журналист дар ҳолати ҷангу нооромиҳо метавонад чун даво ба дарди ҷомеа бошад ва боиси ором шудани вазъият гардад. Аз ҷониби дигар метавонад сабаби нооромиҳо шавад, ҷонибҳои зид ва мухолифро бо ҳам шӯронад ва ба  нооромӣ даъват  намояд. Дар чунин вазъият он метавонад боиси авҷ гирифтани инқилобу нооромиҳо ва кушта шудани  ҳазорон  шахси бегуноҳ гардад.
Иттилоотонӣ ва муборизаи иттилоотӣ тайи чанд соли охир дар тамоми давлатҳои дунё, махсусан ба тариқи расонаҳои иҷтимоӣ, нисбат ба дигар намуди ВАО қувваи бештаре пайдо намудааст. Бо истифода аз равнақ ёфтани системаҳои иттилоотрасонӣ гурӯҳҳои тундрав ва ҷудоихоҳу фитнаандоз ҳадафҳои хешро бо истифода аз дину оин ва либоси исломӣ миёни мардум пиёда месозанд ва, ба ин васила, афроди ноогоҳ аз донишҳои динӣ ва дунявиро ба самти хеш мекашанд, то ҳадафҳои ғаразноки хешро тавассути эшон миёни мардум тарғиб намоянд. Албатта, надоштани донишҳои комили динӣ  ва гирифтор шудан ба доми ин рубоҳтинатони кӯрдил тариқи расонаҳои иҷтимоӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бояд гуфт, ки саркардагони Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ маҳз тариқи ана ҳамин расонаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ба худ хос, ки блогерони онҳо таъсис додаанд, ақидаҳои ифротангез ва нопоки худро баён месозанд. Хонандаи азиз, матлаб аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки ҳаргиз гуфтаҳои ҷома ва салладорони нопоке, ки зидди сиёсат ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар расонаҳои интернетӣ чи ба тариқи навор бошад ва чи ба тариқи нигориш ҳаргиз бовар  мадоред.
Худ гувоҳед, ки саркардагони ҲНИ ва чанде аз ҳамақидаҳояшон ӯ ба хотири луқмаи ночизе ба модару Ватан ва миллати хеш хиёнат намуданд ва шармандавор ба хориҷи кишвар гурехтанд ва онҳоро ҳаргиз Ватану миллат нахоҳад бахшид.
Ҳамин тариқ, журналистони ҳирфаӣ вазифадоранд, то суду зиёни истифодаи интернет ва дурустии маводҳои нигошташударо ба мардум фаҳмонанд, чаро ки сухани журналист ҳангоми нооромиҳо  ба равони аудитория таъсири даҳчанд дорад. Аз ин рӯ, ба психологияи аудитория ҳар як журналисте, ки дар чунин шароит аҳамият медиҳад,  бояд вазифаи худро  аз ҳарвақта  дида хубтару комилтар ба иҷро расонад. Ҳангоми баёни ақидаҳояш эҳтиёткор бошад ва кӯшиш намояд, то аудиторияро рӯҳан ором созад.
Бахтовар ҚАЛАНДАРОВ, хабарнигор, узви ИЖТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 1251
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед