иқтисод
ХУҶАНД. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Ҷамшед Абдуқаюмзода оид ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҷамъомад баргузор гашт. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳр, ба «Ҷумҳурият» хабар дод.
Ҷамшед Абдуқаюмзода, доир ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан карда, иброз дошт, ки эълон гардидани саноатисозии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии чоруми миллӣ ва ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҳар як фард, алалхусус соҳибкорон ва саноатчиён, талаб менамояд, ки барои расидан ба ин мақсади ҳаётан муҳим тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона созанд.
Зикр шуд, ки бо назардошти имконоту шароитҳои фароҳамовардашуда, саноатчиёни шаҳр бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки соли равон ҳаҷми истеҳсолот на кам аз 130 дарсад таъмин гардад.
Пешниҳод гашт, ки дар шаҳр маҳфили машваратии саноатчиён бо шумули роҳбарони таҷрибадори соҳа таъсис дода шавад, ки ҳадафи асосии он ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта дар корхонаҳои саноатии шаҳр мебошад. Инчунин, байни молистеҳсолкунандагон озмунҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Соҳибкори беҳтарин», «Саноатчии беҳтарин», «Маркетологи беҳтарин», «Корхонаи беҳтарин», «Технологияи нави беҳтарин», «Андозсупорандаи беҳтарин» ва ғайра гузаронда шавад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2019 №: 18 Мутолиа карданд: 1276