logo

маориф

МАОРИФ ДАР "УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ"

Таври маълум, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти сарвариашон илму маорифро аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эълон доштанд ва пешрафти минбаъдаи мамлакатро ба рушди ин соҳа ва беҳтар намудани заминаи таълим вобаста донистанд.
Ва имрӯз вақти андак пешрафти соҳа, рушди маорифи кишварро мебинему шод мегардем, ки дар андак муддат ба дастовардҳои бузург ноил шудем. Ин дар ҳоле мебошад, ки пештар чунин пешрафт ба зеҳни ҳеҷ кас роҳ намеёфт ва мегуфтанд, ки барои он панҷоҳу садсолаҳо, он ҳам бо фароҳам овардани имконоту шароити зиёд лозим аст.
Бо қаноатмандӣ ва шодмонӣ аз рушди соҳаи маориф, ки он ба туфайли талошҳову заҳматҳои хастанопазири Сарвари давлат моро даст додааст, китоби «Уфуқҳои истиқлол» - ро ба даст мегирем. Ин китоби тозанашри муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ аст. Боби сеюми он «Сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он» ном дорад. Бахши дуюми ин бобро «Рушди соҳаи маориф дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» номгузорӣ намудаанд.
Дар ҳақиқат, охири солҳои навадуми асри гузашта сатҳи зиндагӣ паст ва шароити мусоид дар  муассисаҳои таълимӣ вуҷуд надоштанд. Ба ҷуз ин,  бо сабаби нарасидани омӯзгорон ва дигар омилҳо беш аз 35 дарсади бачагони синни мактабӣ ба таҳсил фаро гирифта намешуд, кӯдакистонҳо фаъолият намекарданд. Вазъи мактаб - интернатҳо ва фарогирии кӯдакони душвортарбия, маъюб, бесаробон ташвишовар арзёбӣ мешуд.
Мо, ки шоҳиди ин ҳолатҳову вазъи ногувор будем, умед ба ҳидояту раҳнамоӣ ва тадбирандешиҳои дурусти Сарвари давлат мебастем. Ва бовар ҳам доштем, ки аз ин ҳолатҳову вазъ раҳоӣ меёбему рӯ ба пешрафт меорем. Рушди соҳа бо мавҷудияти ҳама мушкилот чӣ гуна ба даст омад?
Ба ин пурсиш посухи қаноатбахшкунандаро  дар китоби мазкур пайдо мекунем. «Маблағҳои ҷудошуда бештар ба мустаҳкам кардани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, бунёди мактабҳои нав, таъмиру  тармими биноҳои куҳна,  сохтани синфхонаҳои иловагӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ равона гардиданд». Инчунин, масъалаи таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳалли худро пайдо кард. Иҷрои барномаҳои давлатии компютеркунонии  муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар зери назорати қатъии Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ буданд. Мактабҳои типи нав дар баробари  фаъолияти шаклҳои анъанавии таълиму тарбия ба фаъолият шурӯъ карданд. «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди соҳибистеъдодҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.
Пас аз рафъи камбудиҳои ҷойдошта, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас Президенти мамлакат мо - аҳли маорифро вазифадор месозанд, ки бо баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ  бидиҳем. Яъне, онро вазифаи аввалиндараҷаи худ бидонем.
Пешвои миллат роҳу усулҳои расидан ба ин мақсадро ба кормандони соҳа, ки дар айни замон онҳо як навъ ҳидояту раҳнамоӣ маҳсуб мешаванд, нишон медиҳанд: «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода,  мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи замони муосирро тарбия намоем».
Ба хулосаи Сарвари давлат, барҳақ, соҳаи маориф «таҳти парчами ормонҳои Истиқлолияти давлатӣ  рушд кард, симои худро ба куллӣ тағйир дод,  ба низоми муайян даромад ва ба дастовардҳои назаррасу муҳиме ноил гардид».
Ҳамин тавр, китоби «Уфуқҳои истиқлол» - и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба вазъи кишвар ва рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф бештару беҳтар ошно месозад. Ҳамчунин, пешрафти ояндаи онҳоро муайян мекунад.
Одиназода Рамазон Сафар, раиси Иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 1158
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед