ҳуқуқ
ИРОДА. РОҲИ ЯГОНАИ ХАЛОСӢ АЗ НАШЪАМАНДӢ
Яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад, нашъамандию нашъаҷаллобӣ аст, ки инсонро ҷисману рӯҳан ноором сохта, зиндагиашро аз фароғату осоиш дур ва фалаҷ месозад.
Нашъамандӣ яке аз самтҳои ба пастӣ ва нестӣ бурдани иқтисоди оила ва шахси нашъаманд ба шумор меравад. Бесабаб нест, ки нашъамандиро вабои аср ва маризии марговар номидаанд. Тавре дар барномаҳои телевизионӣ, ахбори ВКД ва умуман, расонаҳо ва симои дохилу хориҷ ба мушоҳида мерасад, аксари гирифторони ин бемории марговар наврасон ва ҷавононанд, ки аз худсарӣ, беназоратии волидон ва надоштани маълумот оид ба зарару зиёни ин мавод ба васваса ва фиреби ашхоси нашъаманд ё нашъаҷаллоб гирифтор шуда, ба хотири айши яклаҳзаина ба ин маводи хатарзои марговар вобаста мегараданд.
Нашъамандӣ аз калимаи юнонии narkomania гирифта шуда, (narko - хоб, карахтшавӣ (догма) ва mania - беақлӣ, майл, хоҳиш, рағбат) ҳолати мунтазами одам, ки аз истеъмоли моддаҳои нашъаовар (психоактивӣ) ба вуҷуд меояд.
Мутаассифона, баъзе афрод омили асосии тамоми мушкилотро дар паст будани сатҳи иқтисодии оила мебинанд ва нашъамандиро низ бо баҳонаи марбут ба паст будани сатҳи зиндагӣ ва омили ба фаромӯшӣ ва нестӣ бурдани проблемаҳои рӯзгор, умуман аз зеҳн тоза кардани фишори зиндагӣ истифода мекунанд. Вале мо наметавонем айш ва сархушию нашъамандиро ба мушкилоти рӯзгор нисбат диҳем. Дар намоишномаҳои телевизионӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки фарзанди мансабдор ё сарватманд бо айбдор шудан ва паҳн намудани ин заҳри қотил дастгир гаштааст, ки аслан дар зиндагӣ ба мушкилоти пулӣ ва молӣ рӯ ба рӯ нест. Пас, метавон ба хулосае омад, ки паст будани сатҳи зиндагӣ баҳонаест барои нашъамандон. Набояд инро фаромӯш кард, ки омили мутлақ ва ё ҳақиқати бебаҳсе, ки метавонад одат ва ҳолати бади нашъаву нашъаҷаллобӣ ва майхорагиро аз вуҷуди инсон ба нестӣ барад ин ирода аст, ки ҳар яке аз мо онро ба тарзи хоси худ соҳибем.
Аз ин рӯ, роҳи ягонаи халосӣ аз нашъамандӣ иродаро ба муқобили ин хумори хонумонсӯз чун сипар боздоштан аст, вагарна он метавонад нашъамандро дар як муддати кӯтоҳ ба самти марг кашонад. Ба ин беморӣ гирифтор шудан гувоҳи аз тамоми лаззати зиндагӣ бенасиб шудан аст. Яъне, асиргаштагони ин беморӣ тамоми мақсаду нияти хешро ба хотири дарёфти андаке нашъа ва баршикастани хумори яклаҳзаинаи хеш равона месозанд ва ҳатто ба ин хотир, тамоми сарвату дороӣ, шарафи инсонӣ, модар ва Ватани муқаддаси хешро мефурӯшанд.
Бахтовар ҚАЛАНДАРОВ, узви ИЖТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2019 №: 19 Мутолиа карданд: 840