туризм
МУЪМИНОБОД. МАВЗЕЕ, КИ ТАЪРИХАН ТАБИАТИ САЙЁҲӢ ДОРАД
Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод дар масоҳати беш аз 10 ҳазор гектар - аз қаторкӯҳҳои Ҳазрати Имом то дарёи Ёхсу тӯл кашида, тамошои он ва мавзеъҳои афсонавии Чилдухтарон, Зелолак, Ҷавзодараю Саркорон ба кас неру ва ҳаловат мебахшад. Дар ин мавзеъҳои ҷолиб беш аз 300 ҳазор дарахтони сояафкану мевадиҳанда, ба монанди зардолу, себ, сарв, акатсия, дулона, чормағзу бодом месабзанд.
Саидакбар Ҷалолов, директори хоҷагии ҷангали ноҳия, иброз дошт, ки ин мавзеъҳо барои рушди сайёҳии экологӣ имкониятҳои зиёд доранд. Барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва бунёди ҷангалзорҳои нав ба парвариши ниҳол бо истифода аз тухмии хушсифат бештар афзалият дода мешавад. Хоҷагидорон ҳамасола то 4 ҳазор ниҳолҳои нав мешинонанд ва барои тозаю озода нигоҳ доштани буттаву ҷангалзорҳо тадбирҳо меандешанд. Ҷангалпарварони ноҳия дар мавзеъҳои хушобу ҳаво ба парвариши занбӯри асал низ машғуланд. Ҳоло шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 85 расидааст.
Айни замон дар парваришгоҳи Чилдухтарон парандагони зиёд, назири кабк, уқоб, бум ва қариб тамоми ҳайвоноти даранда мавҷуданд. Барои афзуншавии саршумор ва эмин нигоҳ доштани онҳо ҳар сол аз 4 тонна зиёд маҳсулоти ғизоӣ сарф мегардад. Табиати зебои ин мавзеъҳо ҳазорон сайёҳи хориҷиро ба худ ҷабл кардааст. Сайёҳони Швейтсарияву Олмон бештар ба шикори ҳайвонот майлу рағбат доранд. Мутахассисони соҳаи сайёҳӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои табиӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳия туризми экологиро вусъат бахшанд. Қисми зиёди 4500 номгӯй рустаниҳои кишвар дар талу теппа ва доманакӯҳҳои хоҷагӣ мерӯянд. Аз ин ҳисоб, ҳар сол хоҷагидорони ноҳия барои истеҳсоли маҳсулоти доруӣ ба корхонаҳои саноатӣ беш аз 600 кило гиёҳҳои шифобахш месупоранд. Рӯзҳои наздик дар гузаргоҳи Заргарони ноҳия низ мағозаи фурӯши гиёҳҳои шифобахш кушода шуд. Тибқи нақша, ба наздикӣ дар ноҳия корхонаи хурди коркарди меваи хушк бунёд мегардад, ки ин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми деҳот мусоидат мекунад.
Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2019 №: 19 Мутолиа карданд: 1140