иқтисод
ГАРМХОНА МАНБАИ ФАРОВОНИИ САБЗАВОТ
Таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ сахт вобаста буда, дар ин раванд баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои табиӣ, истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ нақши намоён дорад. Дар бисёр ҳолат канда шудани занҷираи истеҳсоли давра ба давраи маҳсулот сабаби баланд шудани арзиши он дар бозорҳои истеъмолӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, масъалаи дигаре, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат мебошад.
Дарвоқеъ, бо зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо дар фасли сармо сокинони мамлакат бо маҳсулоти тару тоза таъмин гашта, устувории бозори истеъмолии кишвар нигоҳ дошта мешавад. Гармхона - ин иншоотест, ки барои парвариш, кӯчату қаламчаи сабзавот, гул ва ғайра истифода бурда мешавад. Дар гармхонаҳо кишти зироатҳоро дар он маврид парвариш мекунанд, ки агар дар шароити замини кушод бинобар номусоид будани обу ҳаво рӯёндани ҳосили зироатҳо ғайриимкон бошад. Ҳамчунин, тавассути бунёди гармхонаҳо сокинони деҳот бо ҷойи кор таъмин мегарданд ва аҳолӣ тамоми мавсими сол бо сабзавоти тару тоза таъмин мегардад.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли гузашта хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар 68,94 гектар майдони гармхонаҳои доимамалкунанда сабзавот кишт намуда, 1619 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1113 тонна помидор, 292 тонна бодиринг ва 214 тонна дигар навъи сабзавот истеҳсол карданд. Ба бозорҳои истеъмолии кишвар нисбат ба соли пешӣ 198 тонна зиёд маҳсулот пешкаш гардид.
Мутаассифона, бо назардошти захираву иқтидорҳои кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот, рушди соҳа ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст, яъне имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Масоҳати умумии гармхонаҳои доимамалкунада дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 68,94 гектарро ташкил медиҳад, ки хеле кам аст.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, бунёди гармхона ва парвариши сабзавот дар он хароҷоту меҳнати зиёдро талаб менамояд. Дарёфти масолеҳи сохтмон барои бунёд ва ангишт барои гарм кардани гармхона ба деҳқонон мушкил меафтад. Бо вуҷуди ин, таҷриба борҳо собит намудааст, ки гармхонаҳо хароҷотро дар муддати кӯтоҳ мепӯшонанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2019 №: 19 Мутолиа карданд: 1006