logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. АЗ МАҚОМИ ТАЪРИХӢ ТО МАҚОМИ ДАВЛАТӢ

Боиси фахр аст, ки  зиёда аз ҳазор сол боз   халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва Турсунзода асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ  эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар гардондаанд.

Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён, ин забон завол наёфта, асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.   Дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён  забони тоҷикӣ мақоми шоистае  касб карда, доираи васеъро фаро гирифт.
 Дар оғози асри ХХ бо арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии  тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди асарҳои устод Айнӣ - «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда» ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, гулшани фарҳанги миллатро зинат доданд.
Минбаъд нависандагону шоирони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин  Қаноат ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштанд.
Мақоми давлатӣ пайдо кардани забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои он ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат  навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин менамояд.
Дар баробари донистани забони модарӣ моро зарур аст, ки забонҳои русӣ ва англисиро низ хуб омӯзем. Зеро дар замони рушди муносибатҳои дипломатӣ забондонӣ мавқеи густурда дорад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ ин нукта бори дигар ёдрас гардид. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки аз имконоти мавҷуда дуруст истифода бурда, дониши зеҳнии худро мукаммал гардонанд.
Зулфия ХОЛИҚОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 824
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед