logo

иқтисод

ТИБ. ГИЁҲДАРМОНИИ ВАТАНӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли сипаришуда зимни суханронӣ дар назди донишҷӯёну  устодон ва масъулони соҳаи тандурустии кишвар бори дигар ба масъалаи гиёҳдармонӣ ва дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахш рӯй оварда, аз ҷумла иброз доштанд: «Ҳарчанд ки мо аз гиёҳҳои шифобахш баъзе намудҳои дорувориро омода карда истодаем, вале имконоту захираҳои Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифоӣ мавҷуданд, ҳоло ҳам самарабахш истифода нашуда истодаанд».
Соли 2018 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 4 корхонаи нави коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ таъсис ёфт. 5 ноябри соли 2018 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сарвари давлат корхонаи истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва гигиении «Фарм Текс» - ро ба истифода дода, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли маҳсулоти тиббии баландсифат ва бандубасти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалиро тақозо намуданд. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 70 корманд дар як баст ба кор ҷалб гардидааст.
Дар  мавзеи Канаски Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат дар назди КВД «Хоҷагии ёрирасони Канаск» корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис ёфт. Дар он 7 намуди гиёҳҳои шифобахши ин мавзеъ коркард ва бастубанд мешаванд.
Дар ҶДММ «Райҳон фарма» - и шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Олим фарма» - и ноҳияи Рӯдакӣ сехҳои истеҳсоли маводи доруворӣ дар шакли шарбат (сироп) ба роҳ монда шуд.
Ҳамчунин, имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар гӯшаҳои гиёҳдармонӣ ва утоқҳои гиёҳпизишкӣ кушода шудаанд, ки дар онҳо беморон бо гулу гиёҳҳои ватанӣ табобат мешаванд. Яъне гиёҳдармонӣ дар раванди ташаккули тарзи ҳаёти солим мавқеи сазовори худро пайдо карда истодааст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 999
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед