фарҳанг
МУЖДАИ НАХУСТИНИ БАҲОР
Сада яке аз ҷашнҳои бузурги мардуми ориёитабор мебошад, ки дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 30 январ) баргузор мегардад.
Бино ба тадқиқоти олимони тоҷик, Сада, ки марбут ба Хуршед ва оташ мебошад, ҷашни хеле қадимӣ буда, таърихи пайдоишаш ба замони пешазориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.
Агар рамзҳои асосии Наврӯз суманак ва Меҳргон дастоварди марди деҳқон бошанд, Сада ҷашнест, ки ба гармиву рӯшноӣ иртибот дорад ва асоси онро оташ ҳамчун рамзи гармӣ дар бар мегирад. Он рамзи рафтани фасли дай, муждаи нахустини фасли баҳор ва омодагӣ ба кишту кор мебошад.
Доир ба таърихи пайдоиши Ҷашни Сада Абурайҳони Берунӣ дар «Ат - тафҳим» чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу (чормағз), бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву (бозӣ) шодӣ кунанд. Ва, аммо, сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб аст».
Сада дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият ва эҳтироми хосса доштааст. Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони барӯманди миллат илман собит намуданд, ки Сада ба ягон дину мазҳаб иртибот надошта, ҷашни кайҳону табиат аст.
Хушбахтона, бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар қатори ҷашнҳои миллии мо - Наврӯзу Меҳргон дубора эҳё гардид.
Зебинисо ОТАБОЕВА,
корманди Осорхонаи таърихию кишваршиносии
шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2019 №: 21-22 Мутолиа карданд: 983