маориф
ҲУНАР МАКТАБ ДОРАД
Бардошт аз фаъолияти коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан
Ҳунарҳои мардумӣ ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, солҳои охир ба рушду тавсеаи онҳо диққати махсус зоҳир мегардад. Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз ҷумлаи муассисаҳоест, ки соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар он ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди наққошию заргарӣ, гаҷкорию армуғонсозӣ, кандакорию кулолгарӣ, кордсозию қолинбофӣ, кашидадӯзию гулдӯзӣ, тарроҳии либосҳои миллӣ, адрасу атласбофӣ ва дигар ҳунарҳои аҷдодӣ омӯзонда мешаванд.
Тавре директори муассиса Насриддин Хоҷаев иброз дошт, ҳунарҳои бостонии мо ифодагари таъриху фарҳанги халқ буда, ҳифзу нигаҳдории онҳо аз масъалаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Ҳадаф аз таъсиси ин боргоҳ эҳёву ҳифзи ҳунарҳои қадимаи ниёгон аст. Хушбахтона, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар зиёд гаштааст. Ҳоло тибқи супориши Пешвои миллат барои ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонони на танҳо минтақа, балки вилоятҳои Хатлону Бадахшон низ тадбирҳо андешида истодаем. Соли гузашта бо ин мақсад бо хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Бохтар, Қубодиён, Рашту Тоҷикобод ва Фархор мулоқот гузарондем, ки натиҷаи хуб дод.
Боиси таъкид аст, ки барои тадрис устодони соҳибтаҷрибае, ки ҳунари волояшонро дар дохил ва хориҷи кишвар эътироф менамоянд, сафарбар шудаанд. Маҳсули дастони пурэъҷози омӯзгорони соҳибтаҷриба назири Мағфират Адҳамова, Аҳмадҷон Эргашев, Наврӯза Сангинова, Мирзоилҳом Мирзокалонов, Мунира Ниёзова ва Нигора Шодиева дар намоишгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Бишкек ва Бухорою Москва ба маъраз гузошта шуда, бо диплому ҷоизаҳо қадр гардидаанд. Гузашта аз ин, соли 2018 Мағфират Адҳамова барои саҳми арзандааш дар эҳёву ҳифз ва тарғиби ҳунарҳои суннатии ниёгон, инчунин, тарбияву ташаккули завқи зебоипарасти насли наврасу ҷавон бо медали “Хизмати шоиста” қадр шуд. Ин зани моҳир ба ҷавондухтарон аз нозукиҳои ҳунари гулдӯзию кашидадӯзӣ дарс мегӯяду дар қалби шогирдон донаи меҳри ҳунар мекорад.
– Вақте мебинам офаридаҳои маро мардум хуш қабул мекунанду онҳо гӯшаеро зеб медиҳанд, сарам ба осмон мерасад. Воқеан ҳам, “ҳунар чашмаи зоянда асту гавҳари поянда”. Ба ҷавонон фаҳмондани моҳияти ин сухану дар ҳамин рӯҳия тарбия намудани онҳо вазифаи ҳар яки мост, - мегӯяд ӯ.
Ин суханҳои на танҳо Мағфират Адҳамова, балки тамоми устодони коллеҷ аст, ки дар тарбияи насли соҳибмаърифату ҳунарманд хешро масъул меҳисобанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2019 №: 21-22 Мутолиа карданд: 1331