logo

фарҳанг

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. МУАРРИФИИ ОН БОЯД ДАР САТҲИ ШОИСТА СУРАТ БИГИРАД

Тӯли асрҳо донишмандону муҳаққиқон ва аҳли адаби тоҷик шоҳкориҳои зиёде офаридаанд, ки онҳо дар шинохти таъриху фарҳанги миллатамон нақши барҷаста доранд. Аксари онҳо дар осорхонаҳо маҳфуз буда, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Саҳми Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар муаррифии таърих, фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият ва ҷалби бештари сайёҳон назаррас мебошад. Ҳамарӯза шумораи зиёди тамошогарон аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан менамоянд. Дар баробари сокинони пойтахт ва шаҳрвандони кишвари азизамон миёни онҳо сайёҳону меҳмонони хориҷиро низ дидан мумкин аст.
Давоми соли 2018 - 115861 нафар тамошогари дохилӣ ва хориҷӣ аз экспозитсияҳои осорхона боздид намуданд, ки ба 11402 нафари онҳо аз ҷониби роҳбаладон ва кормандони илмии осорхона 1697 экскурсия гузаронда шуд. Шумораи ташрифи сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба Осорхонаи миллӣ дар соли гузашта 4502 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 - 1261 нафар зиёд мебошад.
Бар асоси таҳлили оморӣ дар давоми соли сипаришуда намояндагони беш аз 52 кишварҳои мухталифи олам аз экспозитсияҳои мо боздид намуданд. Аз зумраи онҳо намояндагони ИМА, Канада, Бразилия, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Швейтсария, Ҳолланд, кишварҳои назди Балтика, Миср, Мозамбик, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Ҳиндустон, Чин, Корея, Ҷопон, Индонезия, Филиппин ва Австралия мебошанд.
Аз ҷониби ходимони илмии осорхона беш аз 100 гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гардида, 55 мақолаи илмӣ - оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо нашр шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар як инсони соҳибфарҳанг бояд аз таърихи халқу сарзамини хеш огаҳии амиқу дақиқ дошта бошад. Зеро таърих пайвандгари дирӯзу имрӯз ва оянда буда, роҳро ба сӯи фардо равшан менамояд.
Фаридун КЕНҶАЕВ, сардори шуъбаи экскурсионӣ
ва оммавии  Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2019    №: 21-22    Мутолиа карданд: 1257
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед