иқтисод
КОРКАРДИ ПАРТОВ. ЛОИҲАҲОИ НАВ ТАҲИЯ МЕШАВАНД
Дар ҷумҳурӣ дар масоҳати беш аз 300 гектар замин 69 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ фаъолият менамояд. Қисми зиёди онҳо ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯй набуда, ба саломатии аҳолӣ, хусусан аҳолии деҳот, зарароваранд. Вазъи номусоиди партовгоҳҳо ба ифлосшавии оби кӯлу дарёҳо низ оварда мерасонад. Ин масъала дар раванди пешрафти самти муҳими “иқтисоди сабз” ҳалли саривақтии худро тақозо дорад.
Тавре Мақсадулло Мардонов, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иттилоъ дод, кормандони соҳа барои тоза нигоҳ доштани шаҳракҳо, роҳу гулгаштҳо ва маҳалҳои зист пайваста назорат мебаранд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки бо ҷалби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, корхонаҳо ва шаҳрвандон соли 2019 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъракаҳои (аксияҳои) «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ» ва «Тозагии соҳил» -ро бештар роҳандозӣ намоянд.
Дар натиҷаи мониторинги гузарондаи кумита муайян гардид, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 2284473,6 метри мукааб партовҳо аз маркази шаҳру ноҳияҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд. Дар шаҳри Душанбе низ 1529 нуқтаи партовнигоҳдорӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза беш аз ҳазор тонна партов ба партовгоҳи асосӣ интиқол мегардад.
Ба андешаи мутахассисон, роҳи беҳтари ба танзим даровардани партовҳо, ки бо афзоиши шумораи аҳолӣ ҳаҷми онҳо низ зиёд мешавад, ин коркарди партов бо ба навъҳо ҷудо кардани он мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 29 сехи хурди коркарди дубораи партов мавҷуд аст: 18 адад дар шаҳри Душанбе, 4 адад дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 адад дар шаҳри Ваҳдат. Ҳамчунин, ноҳияи Ёвон, шаҳрҳои Хуҷанд ва Ҳисор низ ҳар кадом дорои як корхонаи коркарди дубораи партов буда, онҳо ба коркарди пластика, коғазпора ва металлҳои сиёҳу ранга машғуланд. Аммо ин корхонаҳо талаботи имрӯзаро қонеъ гардонда наметавонанд.
О. ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2019 №: 23 Мутолиа карданд: 1287