маориф
МАОРИФ. БА КАСБИ ХУД СОДИҚ БОШЕМ!
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, роҳнамои рӯзгори неку пурсаодат ва фарогири масъалаҳои гуногуни соҳаҳои мухталифи кишвар буда, барномаи амалии фаъолияти тамоми сохтору идораҳои давлативу ҷамъиятиро барои соли 2019 дар бар мегирад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба масъалаҳои таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам бештари истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Дар робита ба мушкилоти соҳаи маориф Пешвои миллат, инчунин, таъкид карданд, ки айни замон дар соҳаи маориф ду мушкилии асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.
Доир ба мушкилоти дувум ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар баробари тақвияти фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронда шаванд.
Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама, бояд ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои томактабӣ бамаротиб зиёд карда шаванд ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароит муҳайё гардад.
Ҳамчунин, Сарвари давлат бори дигар зарурати забономӯзии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбиро хуб қайд намуда, таъкид доштанд, ки мо бояд ба ғайр аз забони модарии худ, инчунин, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро беҳтар ба роҳ монем, зеро омӯзиши забонҳои русиву англисӣ тақози замони муосир аст.
Фармудаҳои Сарвари давлат мо – омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки бо истифода аз шароити мавҷуда ва дастрасӣ ба техника ва технологияи муосири инноватсионӣ рақобатпазирии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намоем. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти минбаъдаи худро дар самти таълиму тарбияи насли наврас хуб ба роҳ монда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани мaҳбyбaмoн ҳиссаи арзанда гузорем.
Мафтуна РАҶАБОВА, омӯзгори МТМУ №1, ноҳияи Зафаробод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2019 №: 23 Мутолиа карданд: 1200