logo

фарҳанг

ҲУНАР ДАР МАДДИ АВВАЛ

Ба ҳамагон маълум аст, ки шавқу рағбати кӯдак ба омӯзиши касбу ҳунар ҳанӯз аз хурдсолӣ, хусусан дар  муассисаҳои  томактабӣ, оғоз  меёбад. Сипас, онро таҳким  мебахшанд ва шогирдонро ба роҳи дурусти интихоби касб роҳнамоӣ  менамоянд.

Дар муассисаҳои таълимӣ омилҳои мухталиф ба интихоби дурусти касбу  ҳунар ва баланд бардоштани шавқи хонандагон таъсир  мерасонанд. Яке аз онҳо дарси «Технологияи касбу ҳунар» мебошад, ки аз синфи 5 оғоз меёбад. Барои ташаккули дурусти шавқу завқи шогирдон  омӯзгори технологияи касбу ҳунар нақши муҳим дорад. Омӯзгор бояд худ дониши  мукаммал ва ҳунари   воло дошта бошад. Ҳамзамон, вай бояд фаъолияти худро бо назардошти асосҳои равоншиносӣ (психологӣ) ба роҳ монад, зеро  тафаккури хонандагон аз ҳамдигар тафовут доранд. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ бояд маърифати ҳунаромӯзии шогирдонро зина ба зина сайқал диҳад.
Дар ин раванд, дуруст интихоб намудани касб хеле зарур аст. Дуюм ба назар бояд гирифт, ки аз рӯи ихтисос кор ёфтан мумкин   аст, ё не. Сеюм, касб бояд ба имкониятҳои фард мувофиқ бошад.
Падару модарон, омӯзгорон, мураббиён ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба интихоби касби ояндаи насли наврас бо назардошт ва ба  ҳисобгирии бозори меҳнат омодагӣ бинанд. Дар муассисаҳои мо барои омӯзиши касбу ҳунар духтарон  кабинетҳои алоҳида доранд, ки бо таҷҳизоти махсус, аз қабили  мошинаҳои дарздӯзӣ, манқалҳои барқӣ ва дигар маснуоти дӯзандагию  пазандагӣ ҷиҳозонда шудааст. Ба хонандагон омӯзгорони варзида, ки  мутахассиси соҳа ҳастанд, касбу ҳунар меомӯзанд.           
Аз қадим халқу миллати тамаддунофари мо бо ҳунармандӣ ва соҳибмаърифатиашон аҳли оламро ба ҳайрат гузошта, яке аз миллатҳои эҷодкор ва ҳунарманд шинохта шудаанд. Касбҳои заргарӣ, кулолӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ дар рӯйи чӯб, меъморӣ,  бофандагӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ ва ғайраҳо асрҳои аср боқӣ ва аз наслҳо ба наслҳо мерос монда, то имрӯз омада расидаанд. Онҳо рӯз то рӯз рушд ёфта, дар тарбияи  меҳнатдӯстии хонандагон ва наврасон нақши босазо мегузоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021 - ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Моро зарур аст, ки ба  ғамхориҳои Сарвари давлат  ҷавоби  дуруст дода, касбомӯзии  ҷавонону наврасонро таҳким бахшем.
Майсара АҲРОРОВА, 
омӯзгори  МТМУ № 56 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2019    №: 23    Мутолиа карданд: 1202
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед