ҳуқуқ
"АВАНГАРД" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
Ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила яке аз умдатарин масъалаҳоест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ махсус таъкид меёбад. Ба ҳамин хотир, дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва гурӯҳи ташаббускори «Авангард» дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагон пайваста вохӯриҳои судманд гузаронда мешаванд.
Ин нуктаро Фирӯз Қодиров, роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и ВКД, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59 - ноҳияи Рӯдакӣ зимни мулоқот бо хонандагону волидон зикр намуд.
- Ҳадафи «Авангард» саҳм гирифтан дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷавонон, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар, ба онҳо фаҳмондани оқибатҳои фоҷиабори терроризм ва экстремизм, тақвияти мубориза алайҳи ин зуҳуроти ваҳшатафкани ҷаҳони муосир аст. Ва мехоҳем миёни мову шумо дар ин самт ҳамкории судманд ба роҳ монда шавад, - гуфт роҳбари гурӯҳ.
Мавсуф афзуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон талош намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Ҳамзамон, ноболиғону ҷавонон набояд фаромӯш кунанд, ки як қадами хато метавонад ба ояндаашон хати бутлон кашад. Аз ин рӯ, аз пайи илму дониш шаванду зираку ҳушёр бошанд.
Мансур Раҷабзода, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ, подполковники милитсия, иброз дошт, ки соли сипаригашта дар ноҳия 38 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ кам мебошад. Мутаассифона, қисме аз онро ҷавонон содир намудаанд, ки боиси нигаронист.
Ҳамчунин, Ирисой Очилдиева, директори МТМУ № 59 таъкид кард, ки иқдоми гурӯҳи «Авангард» ба манфиати кор аст. Зеро баргузории чунин чорабиниҳо ва суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимӣ ба пешгирии амалҳои номатлуб дар байни насли наврас мусоидат мекунад.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2019 №: 23 Мутолиа карданд: 949