иқтисод
"ТОҶИКНИҲОЛПАРВАР". ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНДАНД
Боғу токпарварӣ соҳаи даромадноки кишоварзӣ буда, барои фаровонии дастархони мардум, ғизои солим барои сокинони ҷумҳурӣ ва таъмини соҳаи саноати коркард бо ашёи хом аҳамияти муҳим дорад. Дар рушди соҳаи мазкур саҳми ниҳолпарварон назаррас аст. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Тоҷикниҳолпарвар», ки 13 хоҷагии ниҳолпарварии махсусгардондашуда дорад, фаъолияти худро баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти боғпарварӣ ва татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» равона намудааст.
Тавре Асомиддин Назарзода, сардори КВД "Тоҷикниҳолпарвар", зикр намуд, хоҷагиҳои ниҳолпарвари зертобеи корхона тирамоҳи соли гузашта бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа 1 миллиону 105 ҳазору 215 бех ниҳоли гуногун, аз ҷумла 644997 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, 250168 ниҳоли ток, 22252 ниҳоли тут ва 187798 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ тайёр намуданд.
Хоҷагиҳои ниҳолпарвари ҷумҳурӣ, ҳамчунин, 6855,9 кг донаю тухмии дарахтони мевадиҳанда, аз қабили тухми себ, нок, биҳӣ, донаи зардолу, шафтолу, олуча, бодом, чормағз, хурмо, хуч ва тухмии ниҳолҳои ҳамешасабзро захира намуда, дар майдони 17,84 гектар донаю тухмӣ кишт намуданд, ки нисбат ба соли пешӣ 4,51 гектар зиёд мебошад.
Дар ин самт хоҷагиҳои ниҳолпарвари ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав, ба номи Ғ. Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Бӯстон - қалъа» - и ноҳияи Кӯшониён ва «Искич» - и шаҳри Ҳисор пешсафанд.
Ниҳолпарварон барои афзун гардондани маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзору зироатҳо корҳои агротехникии мавсимӣ - тоза кардани каналу ҷӯйборҳо, шудгори заминҳо, башаклдарории дарахтон, шудгори байни қаторҳои боғу токзор, озуқадиҳӣ ва нармкунии бехи дарахтонро босифат ба анҷом расонданд. Ҳамчунин, озуқадиҳии ғаллазор, тайёр кардан ва шинондани қаламчаҳои ток, анор, буттамевагиҳо, наврустаҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз ба охир расид.
Алҳол кормандони хоҷагиҳои ниҳолпарвар дар таҷлили ҷашнҳои миллию байналмилалӣ ва ярмаркаҳои фурӯши ниҳол дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар фаъолона иштирок мекунанд ва ниҳолҳои хушсифати дарахтони мевадиҳанда, ток, тут, сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабзро пешкаши харидорон месозанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2019 №: 24 Мутолиа карданд: 1124