logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. РАВАНДҲОИ ТАЪСИРПАЗИРӢ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТ

Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои ҳузнангезро ҳам ба бор дорад, ба забони давлатӣ низ бетаъсир намемонад. Дар робита ба вазъи бавуҷудомада Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба такягоҳу посдорони асосии забони модарӣ  таъкид мекунанд: «Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».
Дар таъкиди боло ду масъалаи муҳим пешорӯйи мо – соҳибзабонон гузошта мешавад:
1) поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ;
2) ба наслҳои оянда омӯзондани одоби муошират ва суханварӣ.
Масъалаи аввал, ки ба ҳифзи забони давлатӣ марбут аст, хеле  нозуку ҳассос буда, ба раванди инкишофи ҷомеа алоқамандии сахт дорад. Маҳз ҳамин раванди ташаккули ҷомеа  ба забон таъсир расонда, худ ду равандеро ба вуҷуд меоварад: раванди таҳаввули забон ва раванди таназзули забон.  Раванди таҳаввули забон дар асоси қонуну қоидаҳои рушду ташаккули забон ба амал меояд, ки ба инкишофи дохилии забон марбут аст. Аз ин рӯ, ин раванд ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ки забон аз нигоҳи грамматикӣ ва фонетикӣ тағйир ёбад. Тағйир ёфтани забон дар асоси қоидаҳои дохилии худ ин амри табиӣ аст. Бинобар ин, раванди мазкур осебпазир нест.
Дар тамоми қишрҳои ҷомеаи мо истифодаи забон мавқеи махсус дорад. Агар забон дар ҷомеа мақоми худро наёбад, он ба забони хонаводагӣ табдил меёбад, аммо ин маънои аз байн рафтани забонро надорад. Танҳо истифодаи забон маҳдуд мегардад.  Забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо мақоми хоси худ – мақоми давлатиро дорад. Аз ҷониби дигар, дар ҷомеаи мо сиёсати давлат дар самти забон оқилона ба роҳ монда шудааст. Аз ҳама муҳим, таваҷҷуҳ ва алоқамандии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон мебошад.   Аз ин рӯ, бо дили пур метавон гуфт, ки забони давлатӣ ва дигар забонҳо дар ҷомеаи мо пуштибону ғамхори худро доранд. Гузашта аз ин, Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон барҳақ фармудаанд: «Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд».   
Қобили тазаккур аст, ки раванди иқтибосгирӣ дар забон амри воқеӣ буда, яке аз заминаҳои рушди таркиби луғавии забон маҳсуб меёбад. Забони тоҷикӣ дар тӯли мавҷудияти чандинҳазорсолаи худ аз забонҳои зиёде иқтибос гирифтааст, ки онҳо танҳо қабати вожагони забонро ғанӣ гардондаанд. Дар баробари иқтибосгирӣ «коргоҳи калимасозӣ» - и забон набояд аз фаъолият монад. Забони адабии тоҷикӣ имрӯз ба ҳамин ҳолат дучор шудааст. Вожаҳои иқтибосӣ ба таври бутун ба забон ворид шуда, соҳибзабонон онҳоро дар ҳамон шакл истифода мебаранд. Дар забон қабати аз ҳама иқтибоспазир исм аст, вале дар забони тоҷикӣ дигар ҳиссаҳои нутқ ҳам иқтибос (хусусан аз забони арабӣ) пазируфтаанд. Раванди арабигароӣ дар забони тоҷикӣ садсолаҳо ҳанӯз идома дорад ва ин ба он оварда расондааст, ки 64 дарсади таркиби луғавии забонамонро имрӯз калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд. Танҳо унсурҳои устувори грамматикии забони тоҷикӣ ва шеваҳои зиндаи он имкон намедиҳанд, ки забон аз байн равад.    
Масъалаи дигаре, ки ба ҷомеа иртибот дорад, ин тарғиби дурусти истифодаи воҳидҳои асосии забон мебошад. Таблиғгарони асосии забон дар ҷомеа ВАО мебошанд. ВАО чун оинаи забон аст, ки акси онро омма мебинад ва чи гунае ки пешниҳод гардад, ҳамон тавр онро қабул мекунанд. Ҳатто назар ба ҳазорон китобҳои илмию бадеие, ки муҳаққиқону адибон таълиф  менамоянд, барои омма забони ВАО дастрастар аст. Дар ин маврид ҳолати забони тоҷикӣ нигаронкунанда мебошад. Ҳамин ҳолат дар забони матни китобҳои дарсиву асарҳои тарҷумашуда низ ба назар мерасад, ки таъсири онҳо бевосита ба гӯяндагон зиёд аст. Забонро гӯянда – соҳибзабон зинда медорад.  Агар забони соҳибзабон коҳиш ёбад, ин ба кам шудани умри забон мерасад. Устод Айнӣ зикр карда буд: «Зотан хатои забонӣ бемории гузаранда аст» ва дар тақвият ба ҳамин гуфтаҳо М. Шакурӣ  дар мавриди тарҷумаи китобҳо зикр мекунад: «Дар ҳақиқат, хатое, ки тарҷумоне ё қаламбадасте аз беаҳамиятӣ ё камсаводӣ содир мекунад, мумкин аст, пас аз андак муддат чунон интишор ёбад, ки баъзе хушсаводтарин зиёиён ҳам аз он бехабар монда мубталои он мегарданд».          
Самти дигаре, ки дар ҳифзи асолати забон дар сафи пеш қарор дорад ва ба раванди таназзули он ҳамеша монеа эҷод карда метавонад, ин хонавода  мебошад. Дар ҳолати беэътиноӣ ва беаҳамиятии сутунҳои асосии хонавода – падару модар забон коста мегардад, асолати худро гум мекунад ва ҳатто аз истифода мебарояд.  Бо кадом забоне, ки дар хонавода бо кӯдакон гап зананд, мақоми ҳамон забон дар хонавода устувор гашта, забони аслии кӯдак маҳсуб мегардад ва агар он забони ғайр бошад, дар кӯдаке, ки насли ояндаи миллат аст, бедор намудани ҳувияти миллӣ хеле душвор мегардад.
Нигаҳдору муҳофизи асосии забон насли хурдсол мебошад, то замоне ки насли хурдсоли мо бо забони тоҷикӣ сухан гӯяд, забон зиндаю ҷовид мемонад.
Хушбахтона, аз рӯйи таҳлилҳои вазъи забонҳо ва дараҷабандии онҳо забони тоҷикӣ дар дараҷаи забонҳои бехавф қарор дорад. Ҳеҷ як раванде наметавонад ба забон таъсир расонад, агар соҳибони бедордилу арҷгузори содиқ дошта бошад.
С. МАТРОБИЁН,
муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2019    №: 24    Мутолиа карданд: 1141
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед