logo

порлумон

ПОЙТАХТ. ИНФРАСОХТОРИ ТАЪМИНИ ОБ НАВСОЗӢ МЕШАВАД

Дар доираи татбиқи  як лоиҳа таъмини шабонарӯзии беш аз 75 ҳазор сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо оби тозаи ошомиданӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни баррасии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе ба ин нукта ишора кард. Ба иттилои ӯ, маблағи умумии лоиҳа 45,8 миллион долларро дар бар мегирад, ки аз ин ҳисоб 41, 2 миллион доллар маблағи грантӣ ва 4,6 миллион доллари дигараш ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре зикр гардид, маблағҳои грантӣ асосан барои барқарорсозӣ, васеъ намудани инфрасохтори хидматрасонии соҳаи обтаъминкунӣ ва санитарӣ дар пойтахти мамлакат, таҳкими фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва дигар масъалаҳои марбут ба он ҷалб шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳа, ҳамчунин, барқарорсозӣ ва иваз намудани қубурҳои обрасонӣ, таъмини ҳолати хуби беҳдоштӣ барои қариб 350 ҳазор сокини шаҳри Душанбе, насби 52 ҳазор ҳисобкунак дар ҳуҷраҳои истиқоматӣ, васли 42 ҳисобкунаки калонҳаҷм, барқарор намудани 17 чоҳ дар пойгоҳи обполои «Кофарниҳон - 1», харидорӣ ва васли 22 адад насоси амудӣ, беҳбуди низоми безараргардонии оби ошомиданӣ дар назар аст. Лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки сатҳи фарогирии хидматрасонӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошад.
Татбиқи ин тарҳ соли ҷорӣ шурӯъ шуда, қарор аст то соли 2024 ба анҷом расад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2019    №: 25    Мутолиа карданд: 3804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед