logo

энергетика

ЭНЕРГЕТИКА. ТОҶИКИСТОН БА НИЗОМИ ЯГОНАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВОРИД МЕГАРДАД

Ба мақсади ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 35 миллион доллар ба сифати грант маблағ ҷудо гардидааст.
Ин нукта  дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон зимни баррасии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ба вакилони мардумӣ ироа гашт.
Мувофиқи созишнома аз маблағи умумии лоиҳа 28,5 миллион доллар  барои иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизоти муосири ҳимояи релегӣ ва зиддисадамавӣ, 3 миллион доллар барои иҷрои хизматрасониҳои мушовирӣ ва 3,5 миллион доллар  ба сифати хароҷоти ғайричашмдошти лоиҳавӣ пешбинӣ гардидааст.
Вазири энергетика таъкид ба он дошт, ки яке аз афзалиятҳои муҳими лоиҳа васеъ намудани имкониятҳои содиротии неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар ин замина, самаранок истифода бурдани иқтидорҳои гидроэнергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва, ҳамчунин, татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA - 1000, ки низоми энергетикии кишварро бо низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Қирғизистону Покистон пайваст менамояд, оғози татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ» муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур синхронизатсияи шабакаҳои барқии Тоҷикистон бо шабакаҳои барқии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа тавассути насби низоми муосири ҳимояи релегӣ ва автоматикунонӣ, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва зиддисадамавӣ барои кори синхронӣ бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ  дар нуқтаҳои пайвастшавии шиддатҳои 220 ва 500 кв дар қисмати ҷанубӣ ва шимолии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи лоиҳа дар ҷануби кишвар пайвастшавӣ тавассути ду хати интиқоли барқи 500 киловатаи «Регар - Сурхан», «Регар - Гузар» ва хатҳои интиқоли барқи 220 киловатаи «Регар - Гулча», «Регар – Шеробод» ва дар шимоли ҷумҳурӣ бошад, пайвастшавии зеристгоҳи барқии «Суғд - 500 кв» ба хатҳои интиқоли барқи 500 киловаттаи Ӯзбекистон ва хати интиқоли барқи 220 киловатта аз зеристгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя дар назар аст.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳа баланд бардоштани иқтидори ҳайати кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба истифодабарии таҷҳизоти нави ҳимояи релегию зиддисадамавӣ ва фаъолияти умумии низоми энергетикӣ пешбинӣ гардидааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 13598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед