logo

иқтисод

ДАНҒАРА. РӮ БА РУШД

Воқеан, соли 2018 низ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ноҳияи Данғара дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳбудии рӯзгори иҷтимоии мардуми ноҳия мусоидат карданд. Мардуми шарафманди ноҳия дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат барои шукуфоии кишвар саъю талош варзида, ба комёбиҳои зиёд ноил гардиданд. Дар ин соли таърихӣ иҷрои нақшаи даромадҳо барзиёд таъмин гардида, ба буҷет 113 миллиону 143 ҳазору 614 сомонӣ ворид карда шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзию саноатии ноҳия ба 2,3 миллиард сомонӣ расида, афзоиш 19 дарсадро ташкил дод, ки назар ба соли қаблӣ қариб 366,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи азхудшуда 21,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар рушди иқтисодиёти ноҳия, афзун намудани қисми даромади буҷет ва бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон мавқеи махсус дорад. Сармоягузории субъектҳои минтақа соли гузашта ба 35,6 миллион ва аз давраи аввали фаъолият ба 1 миллиарду 646,8 миллион сомонӣ расид. Корхонаҳои МОИ «Данғара» соли гузашта ба маблағи 24,6 миллион сомонӣ маҳсулот  истеҳсол намуданд. Айни ҳол дар онҳо 459 нафар, аз ҷумла 304 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ, фаъолият доранд.

САНОАТ ВА СОХТМОН
Корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 1  миллиарду 363 миллиону 403 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Рушди иқтисодӣ 320 миллиону 544 ҳазору 400 сомонӣ ва  суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 30,7 дарсадро ташкил дод. Соли сипаригашта дар ноҳия 5 корхонаву коргоҳ бо 143 ҷойи нави корӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 35 адад расид. Барои иҷрои барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани  шаҳрвандони ноҳия тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуданд.
Соли гузашта дар ноҳия ба фаъолияти як қатор иншооти нави замонавӣ, аз ҷумла 6 корхонаи саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ду корхонаи истеҳсолӣ дар маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай – Син – Силу текстил», корхонаи истеҳсоли маводи бандубасти тиббии косметологии «Фарм Текс», корхонаи муштараки «Муосир», бинои нави омӯзишгоҳи тиббӣ, 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 маркази саломатию бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар маҷмӯъ, фақат соли сипаришуда 57 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, 6 иншооти дигар барои ба истифода супурдан омода мебошад. Аз 247 иншооти ҷашнӣ аллакай дар 138 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.

КИШОВАРЗӢ
Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 940 миллиону 373 ҳазору 500 сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ беш аз 46,6 миллион сомониро ташкил дод. Алҳол масоҳати майдони боғу токзор ба 5988 гектар расидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, кишоварзони ноҳия соли сипаришуда дар майдони 40 ҳазору 360 гектар зироати кишоварзӣ кишт намуда, нисбат ба солҳои қаблӣ нишондиҳандаҳои беҳтар ба даст оварданд. Дар ин замина, ба хориҷи кишвар 2605 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 292 тонна зиёд мебошад.

МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ
Соли 2018 барои аҳли маорифи ноҳия низ соли фаромӯшнашавандаву хотирмон арзёбӣ мешавад. Дар ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва ташкилотҳои байналмилалӣ 6 муассисаи таълимӣ ва 1 муассисаи томактабӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз 2687 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1927 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 34 нафар ба донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар дохил шуданд.
Соли гузашта ба соҳаи тандурустии ноҳия 18 миллиону 746 ҳазору 456 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ равона гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1 миллиону 490 ҳазору 718 сомонӣ зиёд мебошад. Дар доираи нақшаи омодагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 5 маркази саломатӣ ва 4 бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони як қатор марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ идома дорад.
Варзишгарони ноҳия дар 40 мусобиқаи байналмилалию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, 82 медал ба даст оварданд. Ба ифтихори пирӯзии варзишгарони ноҳия Давлатманд Одинаев ва Асомуддин Сангов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Алҳол мардуми бунёдгару ҳимматбаланди ноҳия ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, дар амал татбиқ намудани супоришҳои Пешвои муаззами миллат, шукуфоию пешравии кишвар ва истиқболи арзандаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош менамоянд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 935
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед