logo

ҳуқуқ

РОҲЗАНӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 600 000 СОМОНӢ

20 январи соли 2019 ба қисми навбатдории раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба сар задани ҷинояти вазнини роҳзанӣ дар кӯчаи Рӯҳафзои ноҳияи Фирдавсӣ хабари фаврӣ ворид шуд. Баҳри ошкору муайян намудани ҷинояти мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи милитсияи пойтахт гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ дарҳол ба ҷои ҳодиса рафт.
Баъди пурсиши ҷабрдидагон муайян гардид, ки шахсони ниқобпӯш ба манзили истиқоматии шаҳрванд Ахмедов Абдулҳамид, соли таваллудаш 1983, ронандаи ширкати «Рахш таксӣ», ғайриқонунӣ ворид шуда, ҳамсар ва 3 нафар фарзанди ноболиғашро бо корд таҳдид ва бо скотч дасту даҳонашонро баста, маблағҳои пуливу як миқдор ҷавоҳироти тиллоии номбурдаро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои тафтишотӣ маълум гашт, ки ҷинояти мазкурро на шахсони бегона, балки домоди хонадон, нафаре, ки бевосита бо ин оила муносибати хешутаборӣ ва рафтуомад дорад, шаҳрванд Тоҷиддин Ғафуров, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, тарҳрезӣ ва бо ҳаммаслакони худ – Далер Яъқубов ва Шуҳратҷон Ҳанифов, сокинони пойтахт содир намудаанд.
Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ Т. Ғафуров бо сабаби хусумати шахсӣ нисбат ба додарарӯсаш як сол пеш нақшаи ин ҷиноятро тарҳрезӣ намуда, шаби 20 январ ба манзили истиқоматии ҷабрдида ворид гардида, 21 300 доллари ИМА, 75 000 рубли ФР, 79 000 сомонӣ ва як миқдор ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи умумии 299 600 сомонӣ ба яғмо бурдаанд.
Баъд аз дастгир гардидан аз номбурдагон як миқдор маблағҳо ва ҷавоҳироти тиллоии рабудашуда, инчунин, ба ҳайси далели шайъӣ дастпӯшу скотч ва дигар ашёҳои дар содир гаштани ҷиноят истифодашуда, дарёфту мусодира карда шуданд.
Айни замон номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
М. БАҲРОМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед