фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Гулобхон Бодурхонов аз зумраи он журналистони собиқадор, балки аз устодони маъруфи аҳли эҷоданд, ки дар Ишкошими дурдаст бо қалами бурро ва таҳлилҳои нишонраси худ ҳамеша ҳақро ба ҳақдор расондаанд. Имрӯз ҳам бо вуҷуди ҳаштод сол доштанашон, ба гумони ғолиб қаламкаширо рисолати худ ва хидмат ба мардум медонанд.
Мо насли ҷавонтар хуб медонем, ки ҷодаи рӯзноманигорӣ барои Гулобхон Бодурхонов ҳамвор набудааст, вале дар ҳама ҳолат, ғараз, кина ва аҳдофи шахсиро аз журналистика берун оварда, дифоъ аз халқ ва сиёсати давру замон кардаанд.
- Қалам муъҷиза аст. Агар хома ба дасти каси сияҳдил афтад, туҳмату буҳтон мебофад, чӣ касҳоеро сарозер меорад, аммо ба дасти каси соҳибдилу беғараз муъҷиза аст. Камбудиҳоро нишон медиҳад, як гӯшаи Ватан - боғ, хиёбон, коргоҳ ё кӯчаеро обод мекунад. Чунин аст қудрати хома, - изҳор медорад қаҳрамони мо.
Воқеан ҳам, рӯзноманигори донишманду сермутолеа набзи ҷомеаи худро санҷида метавонад, камбудиҳоро дида, таҳлил ва баррасӣ мекунад ва ҳангоми навиштани матлаб ба зиёдаравӣ ва беҳудагӯӣ роҳ намедиҳад.
Банда баъди хатми шуъбаи журналистика ва филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ бо роҳхат ба рӯзномаи ноҳиявӣ ба кор омадам. Сармуҳаррири рӯзнома Гулобхон Бодурхонов маро бо чеҳраи кушод, бо меҳрубонию самимият ба кор гирифт. Дар рафти кор сармуҳаррирро як инсони бомасъулият, боирода, ба пешаи худ содиқ, ҳақталошу ҷавонмард ва дар муқобили мушкилиҳо устувор дарёфтам.
Гулобхон Бодурхонов нисбат ба ҳамаи кормандон меҳрубону дилсӯз буд. Алалхусус, дар тарбияи рӯзноманигорони ҷавон саҳми арзанда дошт.
Бо саъю кӯшиши ӯ дар ноҳия мактаби журналистика камол ёфту рӯзноманигорони ҷавонро муттаҳид намуд. Шуъбаи радиошунавонии маҳаллӣ низ таъсис ёфт.
Дар хотир дорам, баромадҳои таҳлилии рӯзномаро, ки аксар ба қалами узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулобхон Бодурхонов тааллуқ доштанд, дар байни хонандагон ва идораю нашрияҳо баррасӣ мешуданд ва ин обрӯйи нашрияро дар байни муштариён баланд мебардошт. Устод Гулобхон Бодурхонов дар газетаи вилоятӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ мақолаҳои публисистӣ ба табъ мерасонд. Раисии ташкилоти ибтидоии журналистони ноҳияро низ ба уҳда дошт.
Бигзор, муаллим Гулобхон тансиҳату тарбиятгари наслҳои минбаъдаи журналистони ин диёр монанд, чун рӯзгоре барои ибрат доранд.
Шоҳҷони АБДУРАСУЛ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.02.2019 №: 26 Мутолиа карданд: 935