ҳуқуқ
"ЧАРО ҲОҶӢ ҚАРОРИ СУДРО ИҶРО НАМЕКУНАД?"
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи сипос аз ҳамкории доимӣ бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ медиҳад, ки мақолаи Сафар Сафаров таҳти унвони «Чаро ҳоҷӣ қарори судро иҷро намекунад?» (Ҷумҳурият», 16. 02. 2018, № 36) мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки Сафар Сафаров ба ҷавобгарии Хайринисо Гулаева ва Маматқул Гулаев ба суди ноҳияи Рӯдакӣ бо аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёндани зарари моддӣ ва маънавӣ муроҷиат намудааст. Дар натиҷа, бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 10 майи соли 2017 даъвои С. Сафаров қисман қонеъ шуда, аз ҳисоби Х. Гулаева ва М. Гулаев ба фоидаи С. Сафаров зарари моддӣ ба маблағӣ 24 704 сомонӣ, зарари маънавӣ ба маблағи 300 сомонӣ ва хароҷоти судӣ ба маблағи 150 сомонӣ рӯёнда шудааст.
Бо қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ аз 27 сентябри соли 2017 ҳалнома бетағйир ва шикояти кассатсионии М. Гулаев беқаноат мононда шуд. 5 октябри соли 2017 аз ҷониби суди ноҳияи Рӯдакӣ ба даъвогар С. Сафаров варақаҳои иҷро супурда шуд, ки дастхати ӯ дар ин бора ба парванда замима гардидааст.
Суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи гражданиро пурра, холисона ва ҳамаҷониба таҳқиқ карда, ба далелҳои пешниҳоднамудаи тарафҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, ҳалномаи қонунӣ ва асоснок қабул намудааст.
Худи муаллифи мақола С. Сафаров иброз намудааст, ки ҳалнома ба фоидаи ӯ қабул шудааст ва танҳо аз он шикоят кардааст, ки ҷавобгар аз иҷрои ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд саркашӣ намуда истодааст.
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ба зиммаи иҷрочиёни суд гузошта шудаанд. Бинобар ин, С. Сафаров метавонад барои иҷрои маҷбурии санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
А. АШӮРЗОДА, муовини якуми раиси Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.02.2019 №: 28 Мутолиа карданд: 912