logo

фарҳанг

"ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН" БАРНОМАИ МУАССИР ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

Манфиатҳои миллӣ ва суботи ҷомеа тақозо менамоянд, ки васоити ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд.         
Эмомалӣ РАҲМОН

Барномаи муаллифӣ ва таҳлиливу сиёсие, ки масоили зиёди сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву маърифатӣ ва ахлоқиву фарҳангиро дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» аст. Пас аз таъсиси барномаи мазкур, 7 феврали соли 2012, инак ҳафт сол мешавад, ки  «Тоҷикистон ва ҷаҳон» ҳар ҳафта ба муддати як соат бетаъхир ҳар шоми сешанбе тариқи Телевизиони Тоҷикистон пахш мегардад.
То ҳол бахшҳои зиёди ин барнома бо дархости тамошобинон ва ҳаводорони Телевизиони Тоҷикистон дар фиттаҳо (дискҳо) сабт шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои динӣ, қисмҳои низомӣ, ҷамоатҳо, ҳамоиш ва конфронсҳои марбут ба обу экология, терроризму ифротгароӣ паҳн ва ба намоиш гузошта шудааст. Ҳамзамон, намунаҳо ва бахшҳои зиёди барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон», ки маҳз масъалаҳои экологӣ, минтақаҳои сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар бар мегиранд, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳон ба чандин кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Россия, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон фиристода шудаанд. Ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон се нафар аз магистр ва аспирантон дар бораи барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» ба навиштани корҳои илмӣ машғуланд. Дар баробари ин, баъзе аз нашрҳои ин барнома дар шакли мақолаҳои проблемавӣ бо таҳриру иловаҳо дар расонаҳои чопӣ ва интернетӣ нашр  шудаанд. Гуфтан мумкин аст, ки таҳиягарони барнома дар муаррифии Тоҷикистон саҳм гирифтанд.
Бояд гуфт, ки вижатарин қисматҳои барномаи мазкур ҳар моҳ як маротиба дар телевизионҳои вилоятии Суғд ва ВМКБ пахш мегардад. 
Яке аз нашрҳои ин барнома, ки маҳз ба мавзӯи амният ва суботи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва қатли бераҳмонаи ҷавондухтари афғон ба номи Фархунда бахшида  шуда  буд, бо  дархости  Телевизиони «Тулӯъ» - и Афғонистон ба ин кишвар фиристода ва пахш гардид.
Доир ба нақшу мавқеи барномаи мазкур дар фазои иттилотии кишвар, Худобердӣ Холиқназар, сиёсатшинос, чунин гуфт: «Дар дунёи пур аз сару садоҳо, дар асри мубориза барои бақо ва пойдорӣ, замоне ки иттилоот баҳри муаррифии давлатҳо нақши калидӣ дорад, дар марҳалаи ҳассосе, ки васоити ахбори омма дар сарнавишти халқу миллатҳо муассиртар аз солҳои қабл аст, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иттилоърасонӣ ва огоҳии аҳолии кишвар беш аз ҳарвақта зарур мебошад. Аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ ва равоншиносии журналистӣ барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» то ҷое тавонистааст дар муддати ҳафт соли интишори худ дар Телевизиони Тоҷикистон бисёре аз ҳақиқатҳои норӯшанмондаро рӯшан созад».
Ба  андешаи  Раҳималӣ Нуриддинов, мудири  кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, дар Тоҷикистони имрӯз, ки дар рӯ ба рӯи паёмадҳои сангини иттилоотӣ ва ҳасодати  бегонагон қарор дорад маҳз барномаи сиёсиву таҳлилие ба монанди «Тоҷикистон ва ҷаҳон» - и Телевизиони Тоҷикистон метавонад ҷомеаи ҷавони кишварро ба маҷрои дуруст ва шинохти воқеъияти зуҳуроти асри XXI ҳидоят намояд. Зеро муаллиф ва ровии барнома Фатҳиддини Замон донандаи забонҳои хуби хориҷӣ, аз ҷумла арабӣ, англисӣ ва русӣ мебошад, ки барои як журналист донистани чунин забонҳои ҷаҳонӣ худ дастоварди арзишманде дар роҳи муаррифии Ватан ва саодати хештан аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2019    №: 28    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед