ҳуқуқ
ФИТНА ВА ТЕРРОРИЗМ ДУ МАФҲУМИ РЕШАПАЙВАНД
Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтаанд, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки аз хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир ин терроризму экстремизм аст, ки онро вабои аср мехонанд. Дар ҳамин ҳол, барои эмин будан аз ин хатарҳо бояд бо донишу ҷаҳонбинии васеъ мусаллат буд ва аз фитнаву фитнаангезон дурӣ ҷуст. Зеро решаи терроризму экстремизм дар фитна аст.
Фитна дар худ маъноҳои зиёде, ба монанди ошӯб, балво, ситеза, иғво, иғвогариро дошта, фитнаангез касеро гӯянд, ки муҷиби эҷоди фитна мешавад, яъне ошӯбгару вайронкор.
Имрӯз душманони миллати тоҷик, ки асосан дар хориҷ аз мамлакат паноҳ мебаранд, муқобили давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик аз фитна кор мегиранд ва бо ҳамин роҳ амалҳои номатлуби худро роҳандозӣ карда истодаанд. Ғолибан, дар ин маврид, қабл аз ҳама доираҳои ҷавонон ҳадаф қарор гирифтаанд, то ба ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба доми фиреб гурӯҳҳои табоҳкор битавонанд, ҳадафҳои муғризонаи худро бароварда созанд.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд дарк намоянд, онҳое, ки худро аз берун дилсӯзи давлату миллат эълон кардаву дар асл бо манофеи халқ сари ситез доранд, ба абзори сиёсие табдил шуданд, ки имкон надорад, аз хати кашидаи хоҷагони худ берун шаванд. Таҳти тасарруф ё фармони гурӯҳҳои бегона қарор доштани ин худбохтагон ҳеҷ далеле талаб надорад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки дар хориҷа ошӯб барпо кардану иғво андохтан ва созмону гурӯҳҳое ташкил кардан хароҷоти муайян дорад ва ин хароҷотро ҳатман фармоишгарон пардохт менамоянд.
Дар идомаи таъсиси созмону гурӯҳҳои хасакие, ки ҳамагӣ ба нокомӣ анҷом шуд, бадхоҳони миллати тоҷик рӯи тарҳи дигар андешиданд ва ба он “Паймони миллии Тоҷикистон” ном гузоштанд, ки ба зудӣ аз сӯи неруҳои ақлонии ҷомеа паймони зиддимиллӣ унвон гирифт. Муассисони паймон ҳамон гурӯҳи иғвоангезу фитнаҷӯёне мебошанд, ки ҳадафашон ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст, яъне ноором кардани вазъи дохилӣ ва ба ҳам задани суботи сиёсӣ дар кишвар мебошад.
Бо дарки ин ҳақиқат аҳли ҷомеа, бахусус, ҷавононро зарур аст, ки бори дигар ба таъкидҳои Пешвои муаззами миллат оид ба ҳушёру зирак будан рӯ оваранд, дар ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар фаъол бошанд.
Шамшоди ҶАМШЕД, мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи
ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.02.2019 №: 28 Мутолиа карданд: 902