иқтисод
СУҒД. ТАЪСИСИ 93 КОРХОНАИ НАВ БО ФАРОГИРИИ 1431 ҶОЙИ КОР
Нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят дар соли гузашта ва муайян кардани вазифаҳо барои соли равон бахшида шуд.
Соли 2018 дар ҳамаи самтҳои иқтисодӣ барои вилоят бобарор арзёбӣ шуд. Қисми даромади буҷети вилоят 105,1 дарсад иҷро гардида, 1 миллиарду 722,4 миллион сомониро ташкил дод. Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба афзунсозии ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят тадбирҳои судманд андешида шуданд. Ҳамин аст, ки корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи зиёда аз 11 миллиарду 277 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ин нишондод дар қиёс ба соли пешӣ 8,2 дарсад зиёд аст. 93 корхонаи нав бо фарогирии 1431 ҷои кор ба фаъолият шурӯъ намуд.
Солҳои охир соҳибкорони маҳаллӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотиивазкунанда зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин самт муваффақ мешаванд. Аз ҷумла, аз ин ҳисоб ҳаҷми содирот дар қиёс ба соли пешӣ 10,8 дарсад ё ба андозаи 54,7 миллион доллари ИМА зиёд шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода бо итминон иброз дошт, ки дар заминаи бунёди корхонаҳои муосири муҷаҳҳаз бо хатҳои замонавии технологӣ ва саноатикунонии васеъ сар аз имсол содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Беларус, Украина, Олмон, Амрико ва кишварҳои дигари наздику дур ба андозаи назаррас зиёд хоҳад шуд. Ҳамзамон, интизор меравад, ки соли равон якҷо бо мутахассисони Ӯзбекистон, Чин ва Ҷумҳурии Корея дар иртибот ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чанд корхонаи нави муштарак таъсис меёбад ва, ба ин васила, шумораи ҷойҳои нави кор меафзояд.
Хабарнигорони ватаниву хориҷӣ аз раиси вилоят ба пурсишҳои худ оид ба ҳаллу фасли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу варзиш, пешгирии ҷиноятҳои фаромарзӣ ва гароиши ҷавонон ба аҳзобу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ посухҳои муфассал гирифтанд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода маросими ҷамъбасти озмуни анъанавии вилоятии «Хомаи созанда» миёни кормандони васоити ахбори умуми вилоят баргузор шуд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2019 №: 29 Мутолиа карданд: 1032