президент
Машварат дар хусуси саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун
22 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун машварати корӣ доир намуд.
Оид ба корҳои омодагӣ баҳри чоп ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун нахуст ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов шунида шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳо дар маркази тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто аксари ҷамоату деҳот кушода мешаванд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Бонки миллии Тоҷикистон, дигар бонкҳо ва тамоми системаи бонкӣ аз рӯзҳои аввали соли нав барои фурӯши саҳмияҳо ва қабули маблағҳои ҷамъшуда фаъол бошанд.
Вазорати молия вазифадор шуд, ки саҳмияҳоро сари вақт ба нуқтаҳои фурӯши онҳо дастрас намояд.
Супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар механизми фурӯши саҳмияҳо ба шаҳрвандони бурунмарзии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ муайян карда шавад.
Сохторҳои дахлдори мамлакат вазифадор шуданд, ки шаффофияти воридшавии маблағҳо ва харҷи ҳадафманди онҳоро таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки тамоми бонкҳо, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, ширкатҳою корхонаҳои хусусӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ҳамаи нафарони сарватманду соҳибимкон, пеш аз ҳама, дар хариди саҳмияҳо бояд ташаббус нишон дода, намунаи ибрати дигарон шаванд.
Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки ин тадбири дорои аҳамияти стратегӣ ҳаргиз набояд садди роҳи корҳои дигари созандагию бунёдкорӣ шавад. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон қотеона дастур дод, ки бунёди иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо, Китобхона ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳу пулҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои дигари барқӣ ва тамоми иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ҳамаи гӯшаҳои мамлакат мутобиқи нақшаҳои мавҷуда бемонеа идома дода шавад.
Изҳори боварӣ шуд, ки даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо маблағу имкониятҳои давлатӣ ва саҳмгузории шаҳрвандони баору номуси Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо мекунад ва маблағҳои зарурӣ дар муддати кӯтоҳ ҷамъ мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3540