logo

фарҳанг

ДАР ҶАВОНӢ САЪЙ КУН... ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР ОСОРИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА АЛИШЕРИ НАВОӢ

Дар миёни намояндагони илму адаби ҳазорсолаамон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ чеҳраҳои дурахшоне мебошанд, ки бо ҳикматҳои худ дар тарбияи маънавии мо - ҷавонон нақши босазо гузоштаанду мегузоранд. Зиндагиномаи ин адибон мактаби шоистаи илму адаб буда, пеш аз ҳама шеваи дӯстии самимона ва муносибатҳои неки устоду шогирдро бозгӯ менамоянд.
Дар ин бора навиштаанд: «Абдураҳмони Ҷомӣ дӯстону шогирдони бисёр дошт, ки бо онҳо пайваста базми шеъру суруд меорост ва суҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишери Навоӣ буд ва муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ ва ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид. Онҳо пайваста ба якдигар рубоӣ, қитъа ва байтҳои ҷавобия навишта, ҳамчунин, дар рӯзҳои сахтӣ тасаллидиҳандаи қалбу рӯҳи якдигар буданд».
Яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ панду ахлоқ буда, шоир ба воситаи баёни ҳикматҳои нодири худ хонандаро ба андӯхтани илму дониш, омӯзиши касб ва  хештаншиносию инсондӯстӣ раҳнамун месозад. Чунончи, дар қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқии насли наврас диққати махсус дода, таъкид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард ва ба роҳи рост ҳидоят намуд. Ба ақидаи шоир, ҷавонон ба мисли дарахтони навбар мебошанд. Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбият ёбанд,  ҳосили хуб медиҳанд  ва ҷавонон низ, чун бо тарбияи дуруст ба камол расанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар қасидаи мазкур қайд менамояд, ки агар шахс соҳиби донишу хирад бошад, ҳеҷ гоҳ дар шумори нодору фақир нест.
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бе нуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Гар надорад симу  зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.

Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ низ бештар ақидаҳои панду ахлоқиро баён доштааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзгор – фазлу ҳунар дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдӯст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро  барои худ ор надонад, на аз пайи номи падар шавад, балки  фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили  дарахти мевадор мебошад, ки онро танҳо барои ҳезум истифода мекунанд:
Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар, гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

Дар ҷойи дигар Ҷомӣ омӯхтани донишу хирадро беҳтарин роҳи ҳалли ҳама гуна кору пайкор ҳисобида, бо ишора ба мо - насли ҷавон, чунин гуфтааст:
Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Алишери Навоӣ ҳамчун устоди худ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ хонандаро аз дунёи хоксорию ҷавонмардӣ ва поксириштию поктинатӣ бохабар намудааст. Аз ҷумла, дар қитъаоти худ шоир хислатҳои наҷиби инсониро тараннум карда, дар баробари он тамаъкорӣ, мардумфиребӣ ва дурӯғгӯӣ барин сифатҳои пасти ба инсон ношоистаро мазаммат намудааст. Чунончи, дар ситоиши мардию  саховатмандӣ гуфтааст:
Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,
Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр,
Ба пошидан чӣ нуқс ояд ба дарё,
Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр?

Навоӣ дар осори хеш қадру қимати шахсро яке аз муҳимтарин нишонаҳои инсони комил шумурда, ришваситониву тамаъҷӯиро воситаи аслии беқадр гардидани кас дар ҷамъият донистааст ва ҳамзамон риёкоронро мазаммат намуда, ба гадоён баробар медонад:
Чу иззат боядат, тарки тамаъ кун,
Гадоёнро аз ин маънист хорӣ.
Маҳ аз хуршеди равшан чун зиё хост,
Сияҳрӯ гашт аз он беэътиборӣ.

Адиб хонандагони осорашро меомӯзонад, ки ҳамеша ба ҳангоми суҳбат оростан эҳтиёткор бошанд. Ҳамчунин, набояд ҳар сухани шунидаро бемулоҳиза дар байни мардум паҳн созанд. Ба ҷуз ин, зам намудани сухани дигарро ба худ роҳ надода, гӯшро аз ҳарфҳои ношуниданӣ ва забонро аз суханҳои ногуфтанӣ нигаҳ доранд:
Ҳар чиз расад зи аҳли даврон махурӯш
В-аз қисми азал зиёдаро беш макӯш.
Барбанд зи ношуниданӣ рахнаи гӯш
В-аз ҳар чӣ нагуфтанӣ, забон дор хамӯш.

Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки эҷодиёти ин ду мутафаккири барҷаста, ки дар адабиётамон нақши шоиста доранд, саросар ҳикмату панду андарз буда, ба ҳар як хонанда ғизои маънавӣ мебахшанд ва махсусан мо -  ҷавононро  ба пайроҳаи рости ҳаёт раҳнамоӣ мекунанд.
Меҳроб ҶАЛИЛОВ,
мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 1639
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед