маориф
МАОРИФ ОМИЛИ АСОСИИ РУШД
Таври маълум, барои тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ нақши илму маориф хеле калон мебошад. Ба таҳсил фаро гирифтани наврасон, ба шуғлу касбомӯзӣ ва илму дониш раҳнамун сохтани занону духтарон, таҳкими иқтидори илмии кишвар, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад.
Сарвари давлат ба занону бонувон ва насли ҷавони ҷомеа ҳамчун неруи созанда ва ободкор баҳои баланд дода, аз кӯшишу талошҳои онҳо дар роҳи илму дониш ва шинохти арзишҳои миллию давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд, ҷавононро ояндаи дурахшони Тоҷикистон хонданд. Бо ифтихор аз эътимодашон ба ин насли ояндадор ёдовар шуда, аз насли ҷавон даъват ба амал оварданд, ки дониш андӯзанд, ба забон ва фарҳанги миллӣ эҳтиром гузоранд, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва илмҳои табиию риёзиро аз худ намоянд, ба Ватан ва арзишҳои инсонӣ арҷ гузошта, дар ҳифз ва ободии кишвар устуворона гом бардоранд.
Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф менамоянд. Махсусан, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Айни ҳол шумораи муассисаҳои томактабӣ бамаротиб зиёд ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, барои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, сатҳи баланди касбияти омӯзгорон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Мо, сокинони мамлакатро танҳо лозим аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, барои пешрафт ва рушду нумӯи кишвари худ содиқона хизмат намоем. То ин ки хонандагон илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намуда, баҳри баланд бардоштани обрӯи кишвар саҳмгузор бошанд.
Ҳадиса НОРОВА, сокини шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2019 №: 29 Мутолиа карданд: 1143