ҳуқуқ
СУҲБАТИ РӮ БА РӮ. МИЛИТСИЯ ДАР МАКТАБ
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва пешгирии қонуншиканӣ дар байни ноболиғону ҷавонон сохторҳои марбутаи Вазорати корҳои дохилӣ робита бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро таҳким бахшида, бо хонандагону омӯзгорон пайваста дидору вохӯриҳо анҷом медиҳанд.
Ахиран, чунин вохӯрии судманд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми №24 ва 42 ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, гурӯҳи ҷавонони «Авангард», доир гардид, ки дар он падару модари хонандагон низ иштирок доштанд.
Зебунисо Ҷумъахонзода, муовини сардори ХПҲНҶ ВКД, таъкид дошт, ки таълиму тарбия, пеш аз ҳама, аз оила оғоз меёбад ва муҳимияти ин масъала дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" нишон дода шудааст. Падару модаронро мебояд масъулиятҳои қонунии худро ба дурустӣ иҷро намоянд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба амалу кирдорҳои ношоиста ва ғайриқонунӣ даст зананд. Зеро камолоти маънавиии ноболиғону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ яке аз вазифаҳои умдаи омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.
- Дар ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон содир мегардад, мо наметавонем танҳо мақомоти дахлдор ва ё муассисаи таълимиро айбдор намоем, чун падару модарон низ дар ин самт масъулу ҷавобгаранд, - гуфт З. Ҷумъазода.
Зимнан, Файзиддин Назаров, сарнозири шуъбаи ноболиғони ХПҲНҶ ВКД, дар мулоқот бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №42 изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирии оворагардӣ, ворид шудан ба марказҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, интернет - кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекирӣ дар вақти шабона рейдҳои муштарак гузаронда мешаванд. Ӯ вобаста ба ошкор шудани далелҳои зиёди қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ва паёмадҳои он ибрози назар намуда, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки нисбат ба амалу рафтори фарзандонашон бетаваҷҷуҳ набошанд ва онҳоро ба риояи қонуну тартиботи ҷамъиятӣ тарғиб намоянд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2019 №: 29 Мутолиа карданд: 848