logo

иқтисод

СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛӢ. ИМТИЁЗҲО ҚОНУНӢ ШУДАНД

Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, вакилони порлумони мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» - ро ба тасвиб расонданд.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи мазкур таъкид намуд, ки он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, таҳия гардидааст.
Раиси кумита ёдовар шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли гузашта ба санҷишҳои ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба муҳлати ду сол мораторий эълон гардида буд. 15 январи соли равон ба фармони мазкур тағйирот ворид гардида, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ то 1 январи соли 2021 мораторий тамдид карда шуд.
Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие ҳисобида мешавад, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад. Рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони  инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсоли маҳсулот мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ва Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод мешавад. Шӯрои мазкур қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори  инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки дар давоми на дертар аз 3 рӯз ин шахсро ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дохил намояд. Айни замон  дар феҳристи мазкур 1973 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ворид шудааст.
Назар ба гуфтаи Фаррух Ҳамрализода, ҳарчанд  мораторий гузарондани санҷишҳоро дар давраи амали он боз дорад ҳам, дар моддаи 6 лоиҳаи қонун меъёрҳое муқаррар шудаанд, ки дар ҳолатҳои истисноӣ гузарондани санҷишҳоро иҷозат медиҳанд. Дар ҳама ҳолат санҷишҳои гузарондашуда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт мешаванд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2019    №: 30    Мутолиа карданд: 1077
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед