ҳуқуқ
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ТАТБИҚИ АДОЛАТИ СУДӢ - ҲАДАФИ АСОСӢ
Суди Олии иқтисодӣ баррасии сифатнок ва одилонаю қонунии парвандаҳоро дар судҳои иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, мунтазам сабабҳои бекоршавии қарорҳои судиро таҳлил ва дар ин замина хулосаҳои зарурӣ пешниҳод менамояд. Соли гузашта Пленуми Суди Олии иқтисодӣ баргузор шуда, ҷиҳати мутобиқгардонӣ ва мушаххас тавзеҳ додани меъёрҳои алоҳидаи қонунҳои моддиву мурофиавӣ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо 5 қарори пленум такмил дода шуд.
Ин матлабро Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон баён намуда, ҳамчунин, изҳор дошт, ки бобати пешгирии хавфҳои коррупсионӣ Методологияи тартиб ва гузарондани таҳлили фаъолият таҳия ва дастрасӣ кормандони суд гардид.
Ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба беҳбудии вазъи иҷтимоию маишии судяҳо ва таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 4 судяи судҳои иқтисодӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ҳаллу фасл намудани баҳсҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Дар ин робита, соли 2018 ба судҳои иқтисодӣ 3398 аризаи даъвогӣ, шикояту дархостҳо ворид гардидааст, ки аз ин шумора дар марҳилаи якум 2629 парванда баррасӣ шуда, 1705 парванда моҳиятан баррасӣ ва ҳалномаи судӣ қабул шудааст. Дар ин давра 317 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 260 парванда бо тариқи назоратӣ ва 14 парванда дар раёсати Суди Олии иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, тибқи омори пешниҳодгардида зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ беш аз 5 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт ва ба буҷети давлат ворид шудааст. Доир ба рӯёндани зарар ба манфиати давлат ба маблағи зиёда аз 304 миллион сомонӣ талабот арз гардида, аз он 261 миллион сомонӣ қонеъ шудааст.
Қобили зикр аст, ки бо таъсиси сохтори мустақил - Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои санадҳои судӣ дар қиёс бо солҳои қаблӣ назаррас буда, тибқи таҳлилҳо дар соли 2018 наздик ба 92 миллион сомонӣ маблағ ситонда шудааст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2019 №: 31 Мутолиа карданд: 930