logo

ҳуқуқ

КАМБУДИҲО БАРТАРАФ ШУДАНД!

Кормандони шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мақолаи «САДАМА. Бемасъулиятӣ моро то куҷо хоҳад бурд!», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (4. 06. 2018, № 110 – 111) нашр гардида буд, мавриди омӯзиш қарор доданд.
Маълум гардид, ки муаллиф Сафаргул Алимова дар матлабаш оид ба мушкилоти гуногуни мавҷудаи нақлиёт дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла ба вуқӯъ омадани садамаҳои нақлиётӣ, ки боиси марг ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнини пиёдагардон гардидаанд, таҳлил намудааст.
Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай саната» Муъмин Музаффаров садамаи нақлиётӣ рух дода буд. Сабаби он дағалона вайрон намудани талаботи банди 171 (қоидаҳои ҳаракат дар роҳ), яъне риоя нагардидани суръати ҳаракат дар гузаргоҳи пиёдагардии танзимнашавандаи кӯчаи мазкур мебошад.
Баъди азназаргузаронии роҳи минтақаи мазкур, дар кӯчаи Б. Ғафуров гузаргоҳи пиёдагарди танзимнашаванда, баҳисобгирии анбӯҳи шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва нишонаҳои хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шуда, аломатҳои роҳи зарурӣ насб карда шуданд. Ба раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино бошад, амрномаи БДА дода шуд, ки ҷойҳои кандашудаи қисми мошингарди роҳ ва ноҳамвориҳои ҷойдоштаро аз таъмири ҷорӣ бароранд.
Роҳбарияти шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки баҳри сари вақт ошкор ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ҳамеша матлаб ба табъ мерасонад, изҳори сипос намуда, масъулони шуъбаи марбута кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри ислоҳи мушкилиҳо дар самти мазкур минбаъд корро пурзӯр намоянд.
Суҳроб ҚУРБОНЗОДА, сардори ШБДА РВКД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 888
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед