logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Гумонбарон ба даст афтоданд
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ 6 феврал аз ошкор шудани ду ҷинояти куштор ва боздошти гумонбарони ҳодиса хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаи аввал дар шаҳри Турсунзода рух дода, марди 42 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳр дар ҳамдастӣ бо бародараш, дар заминаи рашк ба як сокини ҳамин ҷамоат дарафтода, ӯро шадидан лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа, ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Феълан ҳар ду гумонбар аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, тафтишоти ҳодиса шурӯъ шудааст.
Куштори дувум дар Ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом сабт гардида, бино ба гузориши сомонаи ВКД, дар ҳолати сархушӣ ба вуқӯъ омадааст. Вобаста ба ҷузъиёти ҳодиса гуфта мешавад, ки марди 50 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Ортиқов нимаи дувуми рӯзи 5 феврал дар ҳолати мастӣ ҳамсари 46 - солаашро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.
Номбурда дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

РИШВАСИТОНӢ
ҳуқуқшиноси "Агроинвестбонк" - ро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳуқуқшиноси Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” Суҳроб Раҳимовро баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кардааст.
Тавре маркази матбуоти агентӣ иттилоъ медиҳад, боздошти С. Раҳимов дар пайи аризаи шаҳрванд «А» ба ин ниҳод иттифоқ афтодааст. Муроҷиаткунанда дар номае ба агентӣ навиштааст, ки ҳуқуқшинос барои аз гарави бонк озод намудани манзилҳои истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Чортут - 61, Ҳилолӣ - 44 ва Хлопзаводская  - 95, 13 ноябри соли 2018 аз ӯ ба андозаи 2500 доллари амрикоӣ пора талаб намуда, то кунун 1000 долларашро гирифтааст.
Дар асоси ин шикоят худи ҳамон рӯз нисбат ба С. Раҳимов бо моддаи 279 қисми 3 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурда баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 14000 сомонӣ баробар ба 1500 доллари дигар аз тарафи маъмурони агентӣ дастгир шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 954
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед